Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 06.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи нақша, дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 186 100 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
То охири моҳи июни соли равон дар 78 281 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз он ҳамагӣ 54 129 гектар ғалладонагиҳо, аз ҷумла ҷуворимакка барои дон 27879 гектар, шолӣ 11520 гектар ва дигар ғалладонагиҳо 14730 гектарро ташкил медиҳад.
Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ нақшаи кишти такрориро зиёд иҷро намуд.
Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, риоя намудани муҳлати кишти зироат ва сари вақт иҷро намудани корҳои агротехникӣ омили муҳими фаровонҳосилӣ мебошанд. Майдонҳое, ки ба кишти зироати кишоварзӣ омода шудаанд, вобаста ба ҷойгиршавии минтақаҳо бояд, ки муҳлати кишти онҳо ҳатман риоя шавад.
Ҳоло дар мамлакат кишти такрорӣ идома дошта, то ин муддат ғалладонагиҳо, ҷуворимакка барои дон, шолӣ, сабзавот, картошка, зироати техникӣ ва зироати хӯроки чорво кишт карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






