Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад

Июль 17, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ мебошад, ҳамчун мамлакати дорои иқтидори бузурги табиӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст. Захираҳои бойи обию энергетикӣ ва алалхусус Неругоҳи барқи обии «Роғун» метавонанд ҳамчун такягоҳи асосии рушди устувори иқтисод ва манбаи нурбахши ояндаи ҷумҳурӣ хизмат намоянд. Маҳз бо истифодаи оқилона ва самараноки ин захираҳо Тоҷикистон метавонад ба яке аз давлатҳои пешрафтаи соҳаи энергетика табдил ёбад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи бузургтарин иншооти гидроэнергетикии сайёра ба ҳисоб меравад, ки бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ва барқарор гардидани суботи сиёсӣ зарурати татбиқи лоиҳаи бунёди он ба миён омад. Неругоҳ барои таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди истеҳсоли неруи барқи «сабз» аҳамияти бузурги стратегӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони асосии эҳё ва татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошанд. Маҳз бо ирода ва ҷасорати сиёсиву иқтисодии Пешвои миллат ин иншоот ба марҳилаи нави бунёд ворид гардид.

Ин неругоҳи муҳими ҷаҳонӣ, ки ба унвони яке аз бузургтарин иншооти аср шинохта шудааст, дар маҷрои дарёи Вахш бунёд мегардад. Он аз 6 агрегат, ки ҳар кадоми онҳо қобилияти тавлиди 600 мегаватт неруи барқро доранд, иборат мебошад. Баъди анҷоми пурраи сохтмон баландии сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба 335 метр мерасад, ки иқтидори умумии он 3600 мегаваттро ташкил хоҳад дод. Бо чунин нишондиҳандаҳо он ба калонтарин неругоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мубаддал мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуданд.


Сарвари давлат борҳо изҳор доштаанд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» рамзи эҳёи миллӣ, сарҷамъии мардум ва асоси рушди ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаи энергетика, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» гардидааст.

Донишкада дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти неругоҳ дар самти таълими фанҳои техникӣ, энергетика, геология, механика ва автоматизатсияи истеҳсолот мутахассисонро бо истифодаи лабораторияҳо, таҷрибаомӯзӣ ва таҷҳизоти муосир омода месозад.

Хусусан дар арафаи ба истифода додани агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» зарурати ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҷавонони болаёқат боз ҳам бештар мегардад. Дар ин раванд Донишкадаи кӯҳию металлургӣ нақши муҳимро иҷро хоҳад намуд.

Бо дастгирии Пешвои миллат моҳи июли соли равон дар назди донишкада озмоишгоҳҳои муосири неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ барои истифодаи васеи манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия таъсис дода шуданд. Онҳо барои сайқал додани дониши амалӣ ва тахассусии донишҷӯён шароити зарурӣ фароҳам оварданд. Ин иқдом заминаи устувор барои омода намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ва ватанӣ мебошад.


Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён миннатдории самимии худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эъмори чунин лоиҳаи бузург ва ташкилу фароҳамсозии шароити таълимиву илмии муосир изҳор менамоянд.

Ин иншооти муҳими стратегӣ ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ва такягоҳи боэътимоди наслҳои имрӯзу оянда ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон асрҳо хизмат хоҳад намуд. Он на танҳо манбаи асосии тавлиди неруи барқ мебошад, балки барои рушди устувори иқтисодиёт, саноат ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоиву техникӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Баъди пурра ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» даҳҳо корхонаҳои саноатии нав ба фаъолият шуруъ намуда, боиси афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва таъмини пурраи тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат бо неруи барқ мегарданд. Ҳамзамон иншоот заминаи мусоиди амалӣ гардонидани стратегияҳои энергетикии давлатиро фароҳам оварда, ба раванди индустрикунонии босуръати ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Илова бар ин, бо анҷоми пурраи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон метавонад ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шуда, ба сифати мамлакати транзитии барқ дар минтақа ва Осиёи Марказӣ мавқеи худро устувор намояд. Ин, бешубҳа, яке аз муҳимтарин омилҳои рушди босуботи иқтисодӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Дар партави сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар шаҳрванди ватандӯсту худогоҳро заурр аст, ки дар раванди созандагиву ободкорӣ ва шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» рамзи худшиносии миллӣ, иттиҳоди мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони ҷумҳурӣ аст. Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ифтихор дорад, ки дар давлати соҳибистиқлол ва таҳти роҳнамоии Пешвои хирадманд зиндагӣ ва фаъолият мекунад.

Ташаббуси Пешвои миллат дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо ифтихори миллӣ аст, балки дарси ватанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ барои насли ҷавон мебошад.

Дар баробари бунёд, таҷдид ва навсозии иншооти муосири энергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар иншооти энергетикӣ мо бояд фарҳанги баланди истифодаи сарфакоронаи неруи барқро дошта бошем ва тамоми сокинони мамлакат бояд неруи барқро оқилона, сарфакорона ва бо ҳисси баланди масъулият истифода намоянд. Танҳо бо истифодаи дурусти захираҳои энергетикӣ метавонем ба рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи ҳар шаҳрванди мамлакат мусоидат намоем.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Июль 17, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд
Дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид
Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико дар мавзуи технологияҳои рақамӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориро дар бахшҳои саноат ва иқтисод баррасӣ намуданд
Чаро дар Тоҷикистон нархи картошка гарон аст? Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд
Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946 миллион сомониро ташкил дод
Рушди ҳамкорӣ дар самти заминсозӣ ва кадастри замин баррасӣ гардид