Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух

24.07.2025, шаҳри Душанбе
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони гиромӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, бори дигар Президенти муҳтарам, ҷаноби УХНААГИЙН ХУРЭЛСУХ ва ҳайати баландпояи Муғулистони дӯстро дар Тоҷикистон хайрамақдам бигӯям.
Тоҷикистон ва Муғулистон дар давраи баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ (1992) дар ҷустуҷӯи доимии роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳояшон қарор доштанд.
Сафари давлатии Президенти муҳтарами Муғулистонро мо ҳамчун идомаи мантиқии ин раванд медонем.
Дар баробари ин, гуфтушунидҳои кунунии Тоҷикистону Муғулистон аз азми қавии ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд дар заминаи сифатан нав дарак медиҳанд.
Тамосҳои Тоҷикистону Муғулистон ва муколамаи сиёсӣ дар тамоми сатҳҳо аз хусусиятҳои созанда бархурдоранд.
Онҳо бетағйир ба таҳкими ҳамкориҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба нигаронида шудаанд.
Имрӯз мо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намудем ва дар робита ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом додем.
Дар фарҷоми музокирот мо бастаи нави санадҳои дуҷонибаро ба имзо расонидем, ки ба тақвияти бештари заминаи ҳуқуқии рушди робитаҳои байнидавлатиӣ дар соҳаҳои мавриди манфиати тарафайн нигаронида шудаанд.
Зимни суҳбатҳои хосса ва бо иштироки ҳайатҳо, мо аҳамияти таҳкими муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баландро таъкид кардем.
Изҳори умед намудем, ки натиҷаҳои сафари кунунии Президенти муҳтарами Муғулистон ба пешбурди созандаи робитаҳои ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Мо аз мавҷудияти имкониятҳои кофӣ барои рушди тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон ёдовар шудем.
Ба аҳаммияти такони тоза бахшидан ба тамоюли ҷории афзоиши бемайлони онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудем.
Ҳамзамон, мо аз зарурати мушаххас намудани роҳҳо ва василаҳои бештар муносиб барои афзоиши ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷонибдорӣ намудем.
Тавсеаи бештари тамосҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои мо ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ зимни музокирот ба ҳамкориҳои иқтисодӣ равона гардида буд.
Тарафҳо ҳавасмандии худро барои фаъол гардонидани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ изҳор доштанд.
Ҷониби Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки фаъолияти устувори он метавонад ба татбиқи тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рушди ҷанбаи тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар самтҳои робитаҳои байнидавлатии мо мусоидат намояд.
Ба мувофиқа расидем, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо истифода аз зарфиятҳо ва афзалиятҳои рақобатпазири иқтисоди ҷонибҳо чораҳои зарурӣ меандешем.
Мо оид ба имкониятҳои хуби кишварҳоямон ҷиҳати татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ҳамназар будем.
Таҳия ва қабули Барномаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамчунин, Роҳкори соҳавии амалҳои муштарак барои солҳои наздик ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Дар ин замина ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то имконияти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисоди ду кишвар ба баррасӣ гирифта шавад.
Ин соҳаҳо, аз ҷумла саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, инчунин, кишоварзӣ, хусусан чорводориро дар бар мегиранд.
Ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак оид ба ташаккули шароити мусоид барои доираҳои соҳибкорӣ ва дастгирии ташаббусҳои қобили таваҷҷуҳи онҳо мувофиқа ҳосил гардид.
Мо аз Ҳамоиши аввалини соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, истиқбол мекунем.
Бар ин назарем, ки баргузории мунтазами чунин чорабиниҳо ба тавсеаи тамосҳо ва барқарор кардани робитаҳои мустақими корӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Зимни вохуриҳои имрӯза, ҳамзамон, зарурати рушди ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар ва соҳаи сайёҳӣ таъкид гардид.
Мо ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намудем.
Аз фаъол гардонидани мубодилаҳо дар ҷодаи фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ кардем.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистонро дар доираи сафари давлатии ҷаноби Президент ҳамчун қадами муҳим дар ин самт медонем.
Масъалаҳои вобаста ба амният аз ҷумлаи мавзӯъҳои музокирот буданд.
Масоили муқовимати муассир ба таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Мо ба зарурати ба ҳам овардани саъю талошҳо ҷиҳати коҳиш додани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зист таъкид кардем.
Ҳамзамон бо ин, масъалаи пешбурди рӯзномаи “сабз” ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавриди назари ду ҷониб қарор дошт.
Вобаста ба ин, ҳамкориҳои созандаи муштарак ва дастгирии ҳамдигарии Тоҷикистону Муғулистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар заминаи ниҳодҳои бисёрҷониба мавриди тазаккур қарор гирифтанд.
Мо аз идомаи таҷрибаи неки шарикии ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар доираи Созмони Милал ва муассисаҳои махсуси он, ҳамчунин, дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба ҷонибдорӣ кардем.
Мувофиқаҳое, ки дар доираи ин сафар ба даст омадаанд, ба таври умум, самтҳои асосии муносибатҳои кишварҳои мо ва дурнамои рушди босамари онҳоро мушаххас месозанд.
Натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза имкон медиҳанд, ки мо ба рушди муносибатҳо миёни ду кишвар бо назари нек ва умедбахш нигарем.
Акнун бо камоли мамнуният риштаи суханро ба меҳмони гиромӣ, Президенти муҳтарами Муғулистон медиҳам.
Марҳамат.