Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони шаҳри Кӯлоб дар 2995 гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки 130 гектарашро кишти зери плёнка ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Кишовразони шаҳри Кӯлоб аввалин маротиба аст, ки кишти зери плёнакаро дар ин минтақа гузарониданд. Иттилоъ доданд, ки дар заминҳои кишти зери плёнка то ҳол обмониро оғоз накардаанд ва барои обмонӣ 15-20 рӯзи дигар лозим аст.
Ба тавсия олимони соҳаи кишоварзӣ, кишти чигит дар зери плёнка чанд омили мусбат дорад: ягонакунии ниҳолҳо ва коркарди байни қаторҳо аз байн меравад, зеро дар замини бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшида тухми пунбадона ва об сарфа мегарданд, ковок меистанд ва сахт намешаванд. Нуриҳои минералӣ ба воситаи қубурҳои обтақсимкунанда дар вақташ ба ниҳолҳои пахта дода мешаванд.
Айни замон дар кишти анъанавӣ ягонакунии ниҳолҳо гузаронида шуда, баландии ниҳолон аз 15 то 20 сантиметрро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






