Лӯбиёро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст
ДУШАНБЕ, 13.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Лӯбиёро дар зарфҳои шишагини ҳавоногузар захира намуда, дар ҷои сарду торик ва комилан хушк бояд нигоҳ дошт. Инчунин ба зарфи лӯбиёдошта барги халиҷ (лавровий лист) ҳамроҳ намудан зарур аст, зеро барои нест кардани патогенҳои замбӯруғӣ кумак мекунад, чунин тавсия медиҳанд олимони соҳаи кишоварзии мамлакат.
Дар таркиби барги халиҷ моддае ҳаст, ки зиёд шудани занбӯруғҳои патогениро пешгирӣ ва ба нобудшавии микробҳои патогенӣ мусоидат мекунад. Сирри нигаҳдории дарозмуддати лӯбиё дар коркарди дуруст ва муҳайё намудани шароити махсуси он аст.
Ба назари мутахассисон, лӯбиёро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст. Муҳаққиқони Донишгоҳи Бригама Янга муайян намудаанд, ки пас аз 30 сол намуди зоҳирии лӯбиёгиҳои хушкшуда тағйир меёбад, аммо ҳама намунаҳо дар ҳолати фавқулода қобили истифода мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки лӯбиё дар асл метавонад ҳадди ақалл то 30 сол нигоҳдорӣ шавад.
Ин маҳсулоти беназир дар Тоҷикистон васеъ истифода мешавад. Онҳо лазиз, серғизо ва бениҳоят муфид мебошанд. Дар таркиби лӯбиё нахҳо, витаминҳои А ва В, оҳан, калсий, углеводҳо ва тақрибан чоряки сафедаҳо ( дар баъзе намудҳои он аз ин ҳам бештар) ҳастанд.
Ғизошиносон тавсия медиҳанд, ки пеш аз омода намудани таоми лӯбиёдошта аввал лӯбиёро дар об ба муддати 8 ё 12 соат нигоҳ доштан зарур аст. Сипас онро ду ё се маротиба бо оби тоза шуста, дар оташи паст мепазем.
Ҳар кадбону бояд донад, ки лӯбиёи таркардаро метавон ба муддати дароз дар яхдонҳо нигоҳ дошт ва истифода намуд. Зеро лӯбиёи намдор қобилияти аз як рӯз зиёд дар ҳарорати баланд истоданро надорад.
Лӯбиё зироати ғизоӣ ва шифобахш аст. Дони онро ба таом меандозанд ва дар саноати консерва истифода мебаранд. Аз баргаш ҷавҳари лимӯ ва чанд хел дору омода месозанд.
Бино ба маълумоти Абӯмансури Муваффақ, лӯбиё неруро меафзояд. Лӯбиёи сурх ҷанини фавтидаро аз бачадон хориҷ месозад ва хунравии баъд аз таваллудро бозмедорад. Абӯалии Сино лӯбиёро барои сина ва шуш муфид ҳисобидааст.
Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ, лӯбиё хосияти поксозӣ дошта, сангро ҳал мекунад ва дони он пешобро меронад. Лӯбиёи сафед дамишовар буда, дер ҳазм мешавад, сина ва шушро нарм ва ҷисмро фарбеҳ месозад.
Дар тибби халқӣ нақеъи ғилофак ё гули хушки лӯбиёро ҳангоми иллати гурда ва масона, бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, заъф ва илтиҳоби дил), барои муолиҷаи диабети қанд, тарбод ва ниқрис истифода мебаранд.
Ғизошиносон таоми лӯбиёдорро ба сифати ғизои нерубахши меъда тавсия медиҳанд. Истеъмоли лӯбиё боднок ва дерҳазм буда, аз он дар бадан моддаи ғализ пайдо мешавад, узвҳои даруни сина ва шушро мулоим мекунад, дар зани кӯдакдор шир пайдо менамояд, баданро фарбеҳ месозад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Агар лӯбиёро бо каме қанд биёшоманд, хунеро, ки аз занони навзоида меояд, пок мегардонад ва бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад.
Табибони халқии олмонӣ ҷӯшоби ғилофак, поя ва пӯсти хушки дони лӯбиёро давои бемориҳои гурда, обхӯра, саръ ва диабети қанд меҳисобанд.
АКС аз манбаъҳои боз








АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
ТОҶИКИЯТ — ЗАМИНАИ ХУДШИНОСӢ. Он шаҳрвандонро ба эҳтироми ҳуқуқҳои фитрӣ даъват менамояд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад






