Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо сабаби вазъи мураккаби сиёсӣ-иқтисодии минтақа ва ҷаҳон муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвари мо вусъат ёфтааст.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ бо сабабҳои гуногун ба сар мебаранд, ки мутаассифона баъзеи онҳо ба таври ғайриқонунӣ вориди кишвар гаштаанд. Қисмати муайяни шаҳрвандони хориҷӣ низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд.
Ҳамчунон зимни санҷиш далелҳои зерини халалдор кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардиданд: муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари сеюм, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва монанди инҳо.
Вобаста ба ин, айни ҳол чораҳои аз ҳудуди Тоҷикистон берун кардани онҳо тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада мешавад. Аз ҷумла, аз кишвар хориҷ кардани теъдоди муайяни шаҳрвандони Афғонистон низ сабаб ҳамин мебошад.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид






