МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани чакка барои бемориҳои системаи ҳозима ва сил муфид аст

Июль 19, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти ширии турш –  чакка дар ошхонаи тоҷикӣ  ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро қариб дар ҳама намуди хӯрокҳои писандидаи мардуми мо, аз ҷумла оши бурида, оши туппа, дӯғоба, биринҷоба, умоч, угро, манту, тушбера, мастоба, шакароб, қурутоб, инчунин дар баъзе хӯрокҳои бирёнӣ ва гӯштӣ аз он истифода мебаранд. Маззаи дигар доштани чаккаи тоҷикиро хориҷиён борҳо таъкид намудаанд.

Чаро чаккаро парҳезӣ ва шифобахш номидаанд?

Чакка нисбат ба худи шир дар организм зудтар ҳазм мешавад.  Ворид шудани он ба меъда афшӯраҳои ҳозимаро талаб намекунад. Чаккаро барои табобати бемориҳои системаи ҳозима, сил, норасоии калтсий дар бадан ва ғайра истифода мебаранд. Ин маҳсулот  аз он ҷиҳат парҳезӣ ва шифобахш аст, ки дар таркибаш ба таври мустақим кислотаи ширӣ ва миқдори зиёди бактерияҳои кислотаи зинда, инчунин моддаҳои антибиотик мавҷуд аст. Олимон муайян кардаанд, ки шир  пас аз истеъмол дар меъда  дар  як соат 32% ва маҳсулоти ширии турш (чакка, ҷурғот) 91% ҷаббида мешавад.

Чакка  як навъ маҳсулоти шириеро мегӯянд, ки асосан дар Осиёи Миёна маъмул аст. Дӯғро одатан ба халта андохта, ба мех меовезанд, ки дар натиҷа оби он рафта, чакка ҳосил мешавад. Дар баъзе маҳалҳо чаккаро аз ҷурғот ҳам тайёр мекунанд. Витаминҳо ва моддаҳои органикии ҷурғот дар чакка пурра боқӣ мемонанд. Чакка маҳсулоти серғизо ва парҳезӣ аст. Аз он қурут ва маҳсулоти дигар низ омода мекунанд.

Чаккаро дар хӯришҳо низ истифода мебаранд 

Пиёзи сабз, ҷаъфарӣ, шибит, пӯдина, райҳон ва дигар кабудиҳоро майда реза карда, онро бо чакка омехта месозанд. Хӯриши омодашударо ба зарфе андохта, болои онро бо дилхоҳ кабудӣ — шибит, гашнич ва ё пӯдина оро медиҳанд. Помидору бодирингро дар шакли чоркунҷа ва қаламфури булғорию карамро дар шакли дарозрӯя майда  реза мекунанд. Чаккаро дар зарфи алоҳида гирифта,   бо иловаи  каме об лат мезананд. Сипас чаккаи моеъро  ба зарфи сабзавоти резакардашударо омехта карда, мувофиқи хоҳиш бо кабудӣ оро дода, қаланфур ё мурч ҳамроҳ мекунанд. Ҳамчунин ба чаккаи обкардашуда кабудиҳои хушкардашураро ҳамроҳ карда, истеъмол мекунанд. 

Қурут аз чаккаи хушк омода карда мешавад

Қурутро асосан дар минтақаи кӯҳистони мамлакат бо андозаи  гуногун (бештар лундаҳои гирд)  омода месозанд. Чаккаро бо намак (мувофиқи хоҳиш бо қаламфуру кабудӣ)  омехта карда,  аз он бо  шаклҳои гуногун  қурут месозанд.

Қурутҳоро дар сабад чида, онро дар ягон баландӣ, дар ҷойи соя овехта, хушк мекунанд. Қурутро асосан барои истеъмол кардан дар фасли зимистон ва аз он омода намудани қурутоб захира мекунанд. Қурутро 3-4 соат дар оби гарм тар карда, онро дар табақи чӯбин бо кафи даст молиш медиҳанд. Дар натиҷа боз чакка омода мешавад, ки  аз он  қурутоб омода мегардад.

Имрӯзҳо қурутоб  на танҳо хӯроки  писандидаи тоҷикон, балки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ низ гардидааст. Қурутро бештар кӯдакон дӯст медоранд.

Аз чакка дӯғоб омода карда мешавад

Дӯғоб  нӯшокии миллӣ буда, аз чакка ва дигар сабзавоту гиёҳҳои шифобахш  омода карда мешавад. Нӯшидани дӯғоб дар фасли гармо неруро дар бадан барқарор мекунад. Инчунин он барои нафароне, ки дар ин фасл майли истеъмоли таом надоранд, хеле муфид аст, зеро иштиҳоовар буда, меъдаро нарм ва раванди ҳазмро осон намуда, кори рӯдаро беҳтар мекунад.

Дӯғоб аз чакка, об, намак, бодиринг, помидор, қаламфур, ҷаъфарӣ, шибит, пӯдина, райҳон ва дигар кабудиҳо омода карда мешавад. Помидору бодирингро дар шакли чоркунҷа ва қаламфури булғориро дар шакли дарозрӯя майда реза мекунанд. Чаккаро дар зарфи алоҳида гирифта,  бо иловаи об лат мезананд. Сипас чаккаи моеъро ба зарфи сабзавоти резакардашударо омехта карда, мувофиқи  хоҳиш бо кабудӣ оро дода, қаланфур ё мурч ҳамроҳ мекунанд. Ҳамчунин ба чаккаи обкардашуда кабудиҳои хушккарда ҳамроҳ карда, истеъмол мекунанд. Дӯғобро ҳамеша дар яхдон нигоҳ медоранд ва дар ҳолати сардшуда менӯшанд.

Дӯғоб барои рӯдаҳо хеле муфид аст. Он дар ҳоли қабзият ё мушкилиҳои меъда метавонад кумак кунад. Дар таркиби он витаминҳои B ва C низ мавҷуд аст, ки барои масуният муҳиманд.

Ба тавсияи ғизошиносон,  дӯғобро барои он дар фасли тобистон нӯшиданаш маъмул ва фоидаовар аст, ки дар рӯзҳои гармӣ ё баъди машқҳои ҷисмонӣ дӯғоб оби бадан ва неруро барқарор мекунад. Намак ва моеъи он аз беҳтарин тарзҳои барқарорсозии неру дар гармо аст.

Табибони бемориҳои дил тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки дар рӯзҳои ҳарорати баланди тобистон фишорашон баланд мешаванд, дӯғоб истеъмол намоянд. Зеро дӯғоб ба паст кардани фишори хун ва холестерин кумак мекунад. Инчунин дар баъзе таҳқиқот дӯғоб барои коҳиши хатари бемориҳои дил низ муфид мебошад. Ин нӯшоба дар таркиби худ мавод-  калорияи кам дорад, вале серкунанда аст. Он барои касоне, ки парҳез мекунанд, муфид аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 19, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон
Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст
Маликшо Неъматзода: «Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 150 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд»