Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо даҳ нафар наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ, ки барои иштирок дар 10-умин Форуми байналмилалии фарҳангӣ — маърифатии давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар менамоянд, вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Мавсума Муинӣ зимни мулоқот бо истеъдодҳои наврасу ҷавон иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароити беҳтару муносиб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро ояндаи миллату давлат меноманд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки наврасону ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, фарзандони содиқу сазовори Ватан ба камол расида, дар рушду пешрафти мамлакат саҳми сазовор мегузоранд.
Форуми имсолаи «Кӯдакони Иттиҳод: муколама ва пайванди ногусастании замон ва наслҳо зери шиори «Гузаштаро ҳифз ва ояндаро месозем» 7–16 июли соли равон баргузор гашта, ҳайатҳои намояндагон анъана ва урфу одатҳои миллии кишварҳои ИДМ-ро муаррифӣ хоҳанд кард.
Форуми мазкур ҳамасола беш аз 1000 нафар мактаббачагонро аз 9 кишвари узви ИДМ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҳам меорад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд






