МегаФон Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушд додани варзиш дар ҷумҳурӣ идома медиҳанд

Июль 30, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкории стратегӣ имзо намуданд, ки он ба дастгирӣ ва рушди футбол нигаронида шудааст.

Ба ташкили чорабиниҳо шарикон ду сол пайи ҳам машғул ҳастанд. Яке аз лоиҳаҳои амалигардида мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life бо сабки футбол» буд, ки дар доираи он зиёда аз 400 мусобиқа дар шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ –Душанбе, Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор, Истаравшан, Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд, инчунин дар ноҳияҳои Файзобод ва Шаҳринав баргузор карда шуданд. Дар мусобиқаҳо қариб 3 400 кӯдак аз 216 даста иштирок намуданд. Аз ҳама зиёд бозингарон дар мусобиқаҳои шаҳри Душанбе ва Истаравшан ҷамъ омаданд, ки шумораи умумии онҳо 460 нафарро ташкил дод.

Мувофиқи ҳуҷҷати нав, ки зери он директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников ва муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов имзо гузоштанд, тарафҳо ташкилкунии якчанд чорабиниҳои варзиширо ба нақша гирифтаанд.

Дар қатори онҳо – мусобиқа оид ба футзал, силсилаи фестивалҳои футбол дар тамоми мамлакат, мусобиқаи «МегаФон U12» дар шаҳри Душанбе мебошанд. Дар баробари ин чорабиниҳо оид ба дастгирии дастаи мунтахаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ ба чемпионати ҷаҳони U16 дар Қатар ба нақша гирифта шудааст.

«Мо аз идомаи ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон хушҳол ҳастем. Лоиҳаҳои муштараки мо нишони онанд, ки тиҷорат ва варзиш барои кори умумӣ – тарбияи насли нави футболбозон ва пешбурди тарзи ҳаёти фаъол воқеан муттаҳид шуда метавонанд. Ҳамин тавр, тирамоҳи соли гузашта ҳазорҳо сокинони Душанбе дар мусобиқаи нодир, ки бо иштироки ситораҳои футбол, шоу-бизнес ва Instagram доир гардида буд, иштирок намуданд. Мутмаинам, ки дар пеш моро ташаббусҳои боз ҳам барҷаста, ки ба рушди футбол равона гардида, ҷавононро дар саросари ҷумҳурӣ ҳавасманд менамоянд, мунтазир хоҳанд буд!», -иброз намуд директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

Муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов гуфт, ки «дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои амалигардонии вазифаҳои мо дар самти рушди футболи оммавӣ ва кӯдакона хеле муҳим аст. Ин на танҳо муносибатҳои шарикона, балки қадами устувор сӯи ояндаест, ки дар он ҳар кӯдак барои баромадан ба майдони футбол ва санҷидани қувваи худ имконият пайдо менамояд».

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Июль 30, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд