НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 56 корхонаи тобеи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи биллингӣ амал менамояд

Июль 29, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар 56 корхонаи тобеи ташкилоти низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар самти партовҳои сахти маишӣ фаъолият менамоянд, барои пардохти ҳисобҳои ғайринақдӣ пурра системаи биллингӣ амалӣ карда шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода иттилоъ дод.

Ҷамшед Табарзода иброз намуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 бо ташкилоти молиявию қарзӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, ба ин васила аз тарафи ташкилоти молиявию қарзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои тобеи Кумита бо 511 POS-терминал ва 71 QR-рамзи ягона таъмин карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои тобеи ташкилоти низоми Кумита дар самти партовҳои сахти маишӣ дар вилояти Хатлон -дар шаҳри Бохтар, Леваканд, ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Восеъ, Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, дар вилояти Суғд — ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод, Меҳнатобод, Мастчоҳ, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Панҷакент, Истаравшан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Шуғнон, шаҳри Хоруғ, инчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — ноҳияи Рӯдакӣ, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва дар шаҳри Ҳисор ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Иброз гардид, ки корхонаҳои соҳаи обтаминкунӣ ва обҳои партови тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию комуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи якуми соли равон ба истифодабарандагон ба миқдори 43 миллиону 574,4 метри кубӣ оби нӯшокӣ интиқол додаанд.

Ба иттилои раиси кумита, корхонаҳои тобеи ташкилоти низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи ҳама намуди андозҳо 29 миллиону 940 ҳазор сомонӣ ворид намуданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад