НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаи «Тоҷиксуғурта» ба 588 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Рашт кумаки молиявӣ расонид

Июль 31, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ба 588 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ин ноҳияҳо ба маблағи 1 миллиону 186 ҳазору 500 сомонӣ кумак расонида шуд. Дар ин хусус имрӯз директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Ҳарчанд оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ дар ин ноҳияҳо суғурта нашуда буданд, аммо мо ба онҳо кумак расонидем. Ҳангоми супоридани маблағҳо таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари оилаҳо ба хулосае омаданд, ки дар оянда молу амволи худро суғурта намоянд. Танҳо ду-се муассиса суғурта шуда буд, ки онҳо низ маблағҳои заруриро дастрас намуданд»,-гуфт Шуҳрат Мақсудзода.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» зимни нишаст аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҷомеа ҳоло ҳам нисбат ба суғурта шудан беаҳамиятӣ зоҳир менамояд. Ҳарчанд гурӯҳҳои корӣ дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, аммо то ҳол аксари онҳо ба суғуртакунӣ боварӣ надоранд.

«Дар ин замина барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ нисбат ба суғуртакунӣ имрӯзҳо дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи кории он кормандони корхонаи мо низ ҳастанд, машғулият мегузаронанд. Дар ин машғулият мутахассисон саводнокии молиявӣ, мақсад ва моҳияти суғуртакуниро шарҳу тавзеҳ медиҳанд»,- гуфт Шуҳрат Мақсудзода.

Иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар шашмоҳаи аввали соли 2025 бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмуъ аз рӯйи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ 122 ҳазору 611 шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонидааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид