НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо кам карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи муқаррароти қонуни нав, муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо то 1 сол кам карда мешавад. Минбаъд тибқи он барои шахсоне, ки таҳсилоти асосии синфи 9-ро доранд, муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз 4 сол ба 3 сол расонида мешавад. Барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумии синфи 11-ро доранд, муҳлати таҳсил аз 3 сол то 2 сол кам карда шуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Бо мақсади иҷрои талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври пилотӣ муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияҳои омӯзгорӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ ва варзиш кам гардида, муҳлати таҳсил дар дигар равияҳо 4 сол (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва 3 сол (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ) ба роҳ монда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи нави қонун аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, ҳадафи он навсозӣ, дақиқсозӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир ва рушди босуръати бозори меҳнат мебошад. Дар тарҳи нав таҳсили дуалӣ ҳамчун шакли расмии таҳсил дар коллеҷҳо муайян карда шудааст.
«Таҳсили дуалӣ низоми таълимие арзёбӣ мегардад, ки дар он донишҷӯён қисми назариявии таълимро дар муассиса ва қисми амалиро дар истеҳсолот мегузаронанд. Яъне, таҳсилоти дуалӣ имкон фароҳам меорад, ки таҳсил бо таҷрибаи амалӣ дар корхонаю ташкилот пайваст гардад. Мақсади асосии гузаштан ба таҳсилоти дуалӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани фаъолияти зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад.
Бояд гуфт, афзалияти таълими дуалӣ он аст, ки донишҷӯ давоми таҳсил бо раванди кор аз наздик ошноӣ пайдо намуда, касби ояндаашро ҳамаҷониба аз худ мекунад. Ин, пеша аз ҳама, имкон фароҳам меорад, ки оянда чун мутахассиси корозмуда ба ҷои кор ворид шавад ва корашро бо сифати баланд анҷом диҳад. Омӯзиш нишон медиҳад, ки ин яке аз роҳҳои хуби омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар тамоми соҳаҳо мебошад»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амал мекунанд, ки дар онҳо аз рӯйи 10 самт, аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ ва ҳуқуқ кадр омода карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






