ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд

Июль 3, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумита, раёсат, ташкилоту муассиса ва корхонаву ҷамъиятҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мусобиқа 100 даста бо фарогирии 1500 нафар кормандони вазорату кумита, раёсат, ташкилоту муассиса, корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол иштирок намуданд.

Дар байни кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва ташкилоту муассисаҳо аз 23 –сола боло,  дастаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» сазовори ҷойи якум, дастаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар байни кормандони вазорату кумита, раёсат ва ташкилоту муассисаҳо аз 23 -сола боло,  дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк» сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Дар байни кормандони вазорату кумита, раёсат, ташкилоту муассиса, корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол аз 23 –сола боло, дастаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сайёҳон» сазовори ҷойи якум, дастаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Қолинҳои Пилла» сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ориёнбонк» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Инчунин дар байни кормандони вазорату кумита, раёсат, ташкилоту муассиса ва корхонаву ҷамъиятҳо аз 45 -сола боло, дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, дастаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон-Мобайл» сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Лазиз» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июль 3, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд