Озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ дар доираи ташаббуси «Камарбанд – Роҳ» ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.
Озмоишгоҳи муштарак бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои тақвият бахшидани фаъолият оид ба ҳифзи захираҳои биологӣ дар минтақаҳои хушки Осиёи Марказӣ, ба роҳ мондани таҳқиқот ва таҳияи технологияҳои пешрафтаи калидӣ, мусоидат намудан ба рушди «сабз» ва устувори минтақа, таъмин намудани дастгирии илмию технологӣ дар доираи ташаббуси «Бунёди ҷомеаи сарнавишти муштараки Тоҷикистон ва Чин дар марҳилаи нав» ва ташаббуси «Камарбанд ва Роҳ» таъсис дода шудааст.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ таъкид гардид, ки фаъолияти озмоишгоҳ дар оянда платформаи сатҳи баланди ҳамкории байналмилалии инноватсионӣ дар соҳаи илм ва технология ба шумор рафта, технологияҳои калидиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои биологӣ таҳия ва ба рушди бемайлони минтақа мусоидат менамояд.
Ба озмоишгоҳи муштарак барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ коршиносони мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамчун шарикони калидӣ ҷалб карда мешаванд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст






