Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд

Июль 12, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ноҳияи Деваштич дар деҳаи Басманда муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро, ки Фотима ва Зуҳро номгузорӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои кӯдакистони Фотима ва Зуҳро дар ноҳияи Деваштич, ки аз 2 ошёна иборат аст, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст.

Муассисаи томактабӣ дар 4 гурӯҳ 120 кӯдакро ба тарбия фаро мегирад. Дар ин иншооти соҳаи маориф наздики 30 омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардид.

Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани бино, кӯдакистон дорои шабакаи худии гармидиҳӣ мебошад . Барои ин дар ин ҷо дегхона ва ҳавзи нигаҳдории об низ бунёд ёфтааст.

Дар ҳудуди муассиса 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон мавҷуд буда, ҳудуди он сабзкорӣ ва пурра чароғон шудааст.

Муассисаи томактабӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бо тарҳи замонавӣ таъмиру навсозӣ гардидааст.

Баъди шиносоӣ бо иншооти тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани хурдсолон, ки дар ин раванд зинаи аввали таҳсилот ва фаъолияти муассисаҳои томактабӣ муҳим мебошад, масъулинро вазифадор намуданд.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии №6 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич 12.07.2025

Июль 12, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад