Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Муғулистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намудад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон бо беш аз 70 парлумони кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ дорад ва ҳавасанди густариши робитаҳои байнипарлумонӣ бо ҷониби Муғулистон мебошад.
Изҳори итминон карда шуд, ки санадҳои дар доираи сафари давлатӣ баимзорасида заминаҳои ҳуқуқиро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар тавсеа мебахшанд.
Дар идома ҷонибҳо ба таҳким бахшидани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Муғулистон изҳори омодагӣ намуданд.


Тазаккур дода шуд, ки ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба дар фаъолияти қонунгузорӣ ва самтҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ бо Хурали Бузурги Муғулистон тавассути гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ тавсеа бахшида шавад.
Дар ин замина рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ дар доираи механизмҳои байналмилалии ҳамкорӣ, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






