Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд

Июль 9, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории самаранок дар соҳаҳои гуногуни ду давлат мубодилаи афкор намуда, зарурати густариши онро дар оянда таъкид намуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо хоҳони густариши муносибатҳои байнипарламентии ду давлат гардиданд.

Инчунин масъалаи рушду тавсеаи муносибатҳои байнипарламентӣ дар заминаи механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ, бахусус дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра баррасӣ гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад