РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст

Июль 12, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 12.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Табиат, таърих, фарҳанг ва меҳмоннавозии мардум ин минтақа сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро бешатар ба худ ҷалб намудааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, ки беш аз 5500 сол арзи вуҷуд дорад, Панҷакенти қадим, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, кӯҳҳои Фону Арчамайдон, кӯлҳои ба таври афсонавӣ зебои «Кӯли калон», «Ҳафткӯл» ва дигарон мусоидат менамоянд.

Айни замон дар вилоят 1190 ёдгориҳои таърихӣ, 24 осорхона, 97 зиёратгоҳ, 65 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 4 лагер, 4 дармонгоҳи табобатӣ — истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 1 маркази муолиҷавӣ, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии 7441 ҷой фаъолият доранд.

Мавзеъҳои табиии вилояти Суғд, махсусан кӯлҳо ва дараҳои баландкӯҳи он, барои сайёҳони табиатдӯст имконият фароҳам овардааст, ки онҳо сайру саёҳатро дар ин маконҳо бофароғат гузаронанд. Кӯли Искандаркӯл, дараҳои Яғнобу Фон ва минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Айнӣ дорои шароити хуб барои хаймазанӣ, кӯҳнавардӣ ва экосайёҳӣ мебошад.

Ҳамчунин дар вилоят шаҳри бостонии Панҷакент, ки дорои ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ, табиати нотакрор ва зарфиятҳои бои сайёҳӣ мебошад, дар рушди сайёҳии Тоҷикистон нақши барҷаста дорад. Ин аст, ки барои дидани ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангии шаҳри қадима, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, кӯҳҳои Фон, Кӯли Калон, Ҳафткӯл, пойгоҳҳои сайёҳии «Артуч» ва «Марғзор», Оромгоҳи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдулло Рӯдакӣ садҳо нафар ҷаҳонгардон ва сайёҳони дохилӣ меоянд.

Шаҳри қадимаи Истаравшан бошад дар тӯли ҳазорсолаҳо дар масири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим арзи ҳастӣ дошта, дар минтақа аз шаҳрҳои қадима маҳсуб меёбад. Сокинони ин шаҳр асосан ба ҳунари наққошӣ, кундалкашӣ, кандакорӣ, сохтани армуғонҳо аз чӯб, созтарошӣ, сандуқсозӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ, чармгарӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, шонасозӣ, аҷубасозӣ, рассомӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, читгарӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, машғул буда, тӯли садсолаҳо аҳолии маркази шаҳр асосан бо ҳунармандӣ ном баровардаанд. Аз ин лиҳоз минтақабандии маркази шаҳри Истаравшан ба гузарҳо тақсим гардида, ҳар гузар бо номи ҳунаре пайванд аст, ба амсоли чармгарон, собунгарон, кордгарон, мехчагарон, саллабофон ва дигар гузарҳо. Ҳифз, эҳё ва нигаҳдошти ҳунарҳои суннатии халқи тоҷик дар ин минтақа боис ба он гаштааст, ки сайёҳон ба Истаравшан зиёд биёянд.

Дар шаҳри Истаравшан 160 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ мавҷуданд, ки алҳол аз рӯи 105 касбу ҳунари мардумӣ маҳсулот омода мегардад.

Инчуни дар вилоят «Қалъаи Хуҷанд» аз маконҳое ба ҳисоб меравад, ки таърихи беш аз 3 ҳазорсола дорад. Ҳамасола барои тамошои ин маҷмааи аз лиҳози меъморӣ беназир теъдоди зиёди сайёҳони хорҷӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд меоянд. Дар ин ҷо меҳмонон бо санъати миллии меъмории тоҷик- кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ, коркарди бадеии чӯбу санг, кошинкорӣ, ки дар 5 толори намоишӣ ба таври васеъ истифода гардидаанд, шинос мешаванд. Ҳамзамон барои фароҳам овардани шароит ба сайёҳон дар «Қалъаи Хуҷанд» ҳамзамон чойхона, меҳмонхона ва растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил гардида, бо эҳёи ҳавлиҳо анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд ба меҳмонон муаррифӣ карда мешавад.

Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он на танҳо ба рушди илму фарҳанг, балки ба равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар се моҳи соли 2025 ба вилояти Суғд 242,2 ҳазор нафар меҳмони хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76,5 хазор нафар зиёд мебошад. Тибқи иттилои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд меҳмонон асосан аз давлатҳои Олмон, Полша, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон, Италия, Канада, Австрия, Туркия, Беларус, Испания, Молдова, Фаронса, Шветсия, Малайзия, Филиппин, Австралия, Бангладеш, Индонезия, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Шветсария, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Корея, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид шуданд.

Вилояти Суғд, бо таърихи куҳан, табиати зебо ва анъанаҳои бойи мардумӣ, як минтақаи ояндадори сайёҳӣ мебошад. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни сайёҳон ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин вилоят, шаҳодати равшани имкониятҳои фаровони он аст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли аҳолӣ, вилояти Суғд метавонад ба яке аз марказҳои пешрафтаи сайёҳии минтақа табдил ёбад.

Моҳинаи НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд