Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд

Июль 1, 2025 16:17

ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ҳамасола ҳамчун барномаи мукаммал бо ҳадафҳои олӣ пешниҳод мегарданд, дар самти амалӣ намудани стартегияҳои муҳими давлатӣ ва барномаҳои муҳими соҳавӣ заминаи боэътимод мегузоранд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, Сарвари давлат дар радифи таҳлилу барраси тамоми самту соҳаҳо, ба масъалаи рӯзгору фаъолияти занону духтарон таваҷуҳ махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат аз ҷумла иброз доштанд, ки «дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафт».

Воқеан ҳам, бо эътирофи арзишҳои башарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳон, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷомеа, махсусан занон таҳти дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтанд. Боиси ифтихори занону модарони тоҷик аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул шуд, ки он омили беҳтар гардидани мақоми занон дар ҷомеа гардид. Ҳамзамон дар самти кор бо занон барномаву стратегияҳои зиёде қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки маҳаки ҳамаи онҳо барои дастгирӣ ва пешбурди фаъолияти онҳо равона гардидаанд.

Ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати занон, ҷалби бештари онҳо ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин мусоидат ба рушди соҳибкории занон аз роҳҳои муҳими саҳмгузории онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад. Мушоҳида мешавад, ки давоми се даҳсолаи Истиқлолияти давлатӣ дастовардҳои занони мамлакат назаррас аст. Имрӯзҳо занон дар тамоми соҳаҳо фаъолияти назаррас дошта, дар ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми созовор мегузоранд.

Ба таҳсил фаро гирифтани духтарон яке аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 маҳсуб мешавад.

Тавре Президенти мамлакат таъкид намуданд: «дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд».

Бо ёдоварӣ аз ин рақамҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем. Дар ҳақиқат ин боварию эътимод ва дастгирию ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба бонувону духтарони тоҷик, ки пеш аз ҳама аз ҷониби Президенти мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зоҳир мегардад, дар дили ҳар яки онҳо шуълаи умедро ба ояндаи боз ҳам дурахшон фурӯзонтар ва масъулияти онҳоро дар самти интихобкардаашон боз ҳам бештар менамояд.

Дар ин баробар таваҷҷуҳи ҷавондухтарон ба омӯзиши илм, касбу ҳунар, шуури баланди ҳуқуқию сиёсӣ ва омодагии онҳо барои меҳнати содиқона ва софдилона ба хотири ободии рӯзгори худ ва Ватан раванде аст, ки барои пешрафти ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад ва мавқеи ҳар як ҷавондухтаро, ки дар оянда дар ин ё он соҳа кору фаъолият мекунанд, боз ҳам баланд мебардорад. Зеро, нуктаи бисёр муҳиме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба он ишора намуданд, ин ҷалби наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ ва ба ин васила пешгирӣ намудани паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, ҳамчунин байни онҳо вусъат бахшидани бунёди муассисаҳои томактабӣ дар тамоми минтақаҳои аҳолинишини мамлакат мебошад. Зеро ҳар қадар кӯдак аз хурдӣ ба илмомӯзӣ шуруъ намояд, ҳамон андоза фардои неку дурахшоне ӯро дар пеш хоҳад буд. Дар ин раванд табиист, ки саҳми занон ҳамчун модар хеле бузург аст ва нахуст устоди фарзанд низ маҳз модар ба шумор меравад.

Бо назардошти ҳамин омилҳо, имрӯз занон ва ҷавондухтарони тоҷик, аз ҷумла бонувони ноҳияи Тоҷикобод бо эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ тамоми неруи худро дар баробари мардон ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, таълиму тарбияи дурусти насли наврас, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстию масъулиятшиносӣ ва дар зеҳну шуури фарзандон талқин намудани меросу суннати гузаштагон, ҳамчунин рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори давлатҳои мутараққӣ равона менамоянд.

Нодира ШАРОФИЁН,
Мудири бахши САҲШ дар ноҳияи Тоҷикобод

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2025 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ