«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
ДУШАНБЕ, 06.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ асари таърихии нависандаи ҷопонӣ Китами Масао «Самурае, ки шамшер надорад» аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардид.
Тавре тарҷумони ин асар, аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, асари таърихии «Самурае, ки шамшер надорад» ба шарҳу тафсири воқеаҳои асри XVI-и ин кишвар бахшида шуда, асар дар бораи сарлашкари таърихӣ ва афсонавии Ҷопон Тоётоми Хидэёсӣ нақл мекунад.
Китоби «Самурае, ки шамшер надорад» сазовор аст мавқеи худро дар қатори чунин сарчашмаҳои классикии ҳикмати шарқиёна, аз қабили «Аҳдномаи байналхалқӣ дар бораи санъати ҷангӣ»-и Сун–тсзӣ ва «Китоби панҷ ангушттарин»-и Миямото Мусисӣ ишғол намояд. Принсипҳо, стратегияҳо ва тактикаҳое, ки дар асар истифода бурда шудааст, имрӯз метавонад ба дилхоҳ касе, ки мехоҳад дар олами тиҷорат ва зиндагӣ комёбӣ ба даст оварад, кумак намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






