Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия, Вазорати кишоварзӣ, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва дигар сохторҳо таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Ба вазифаҳои муовини якум ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини вазири адлия, муовини вазири кишоварзӣ, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун», муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида таъин гардиданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар самтҳои хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти ғизоии кишвар, истифодаи босамару беталафи обу неруи барқ, баҳрабардорӣ аз дастовардҳои навтарини илму техника ва зеҳни сунъӣ дар идораи корҳо ҳидоят намуданд.
Дастур дода шуд, ки дар тарбияи кадрҳои ҷавон ба омӯзиши амиқи технологияи навтарин, рақамисозӣ, забонҳои муоширати байналмилалӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад.
Бо назардошти авзои пешгӯинашавандаи ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муомилаю муошират манфиати давлати соҳибистиқлол ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






