«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад

ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳнома» — ҳамосаи беназири Абулқосими Фирдавсӣ сурудаест комилан миллӣ, зеро дар худ руҳу андеша, орзую ормонҳои миллии халқро инъикос мекунад. Дар ин гуна осор таърихи куҳани қаҳрамониҳову фидокориҳои миллат барои марзу буми хеш ҷомаи бадеӣ ба бар карда, падидаҳои ахлоқии низоми иҷтимоӣ, ҳаёти сиёсӣ ва дидгоҳҳои фалсафию эътиқодии гузаштагонро инъикос кардааст. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи директори Китобхонаи маркизии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шодимуҳаммад СУФИЗОДА, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст. Матни пурраи мақолаи мазкур манзур мегардад.
-Агар ба таърихи адабиёти тоҷику форс аз ибтидо то имрӯз назари гузаро афканем, хоҳем мушоҳида кард, ки дар рӯзгори парешониҳову бесомониҳо, ки фарҳанги бегона равнақи забону фарҳангҳои бӯмиро кунд кард, ба эҷоди ҳамосаи беҳамто – «Шоҳнома» иқдом намудани Абулқосими Фирдавсӣ беҳикмат набудааст.
Ин донишномаи тамомнамои корзори боифтихори миллат, аз як тараф, саргузашти шукуҳманди тоисломии миллат, расму ойину асотир, тасвири фазои иҷтимоию таърихии замон, муҳити отифию ҳассоси ҷомеа, муҳаббат ба меҳан ва аз ҷониби дигар, гиромитарин ёдгори гузаштагон – забони куҳану сахтҷони модарии моро аз корзори набарду озмунҳои сангину нангин пирӯзманд берун овард, худшиносии миллӣ, руҳия ва диди зебоишиносонаи нажоди эрониро дар замоне ба намоиш гузошт, ки ҷунбишҳои миллии мардумони Хуросони Бузург бар зидди истилогарон саросари он марзу бумро фаро гирифта буд.
Ҳар саҳифаи ин «Шоҳномаҳо» саршор аз шинохти хосу зебоишиносона ва донишҳоест, ки аз дунёи бекаронаву жарфи дониш, қалби ҳассосу чашми нозукбин ва андешаи латифу зарифи Абулқосим Фирдавсӣ бо вожаҳои нобу нажодаи модарӣ зебандаву шоиста берун омадааст. Ин гуна маълумоти пешаварзона ва моявару бартарро аз осори илмӣ, рисолаҳои таърихӣ ё фалсафӣ наметавон пайдо кард.
Бозтоби равшани руҳия ва авзои иҷтимоии ҳар марҳилаи таърихиро дар адабиёти бадеии он давра метавон дарёфт. Омилҳои ташкилкунандаи худшиносии миллӣ беш аз манобеи дигар дар осори адабӣ инъикос ёфтаанд. Истифодаи дуруст аз адабиёти бадеӣ метавонад нақши бузургу таъсирбахше дар шинохти решаҳои худшиносии миллӣ, бедор кардан ва тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ иҷро намояд. Ин бахши муҳимму пурбори фарҳанг макони тавлиди андешаҳои бузургу сутурги суханваронест, ки бо мантиқи қавии баён ва сеҳрофаринию дилнишинии каломи хеш падидаҳои иҷтимоию сиёсии миллатро дар анвоъу қолабҳои гуногуни адабӣ арза доштаанд.
Дар маҷмуъ, метавон изҳор дошт, ки афкори баландпояву инсондӯстонаи суханварону андешамандони гузашта, ки дар жанрҳои манзуму мансур сабт гардидааст, дар бозшинохти ҳувияти милии мо нақши боризе дорад. Ҳамон тавр, ки Саймумин Ятимов дар мақолаи пурбори хеш таъкид мекунад: «Моҳияти ҳақиқии адабиёт ва фарҳанги асил тараннум ва ҳимояи манфиатҳои миллат аст. Адабиёти тоҷик дар тӯли асрҳо комилан адабиёти майдони мубориза буд. Ҳатто дар асарҳои лирикии он оҳанги иҷтимоии озодандешӣ, хирадпазирӣ, ақлсолорӣ, хурофотситезӣ, мазаммати шадиди тавбафармоёни дурӯяи хилватамал бо қотеият садо медод. Хусусияти озодманишии ин адабиёт тавонист принсипи миллии тоҷикиятро дар ниҳоди мардум ҷой кунад, ба воя расонад, ҳифз намояд. Муносибати аслии мардумиро ба тарзи ҷаҳонбиние, ки нафаси андешаро дар қафас ҳам гулӯгир мекунад, муайян кард. Дар гаҳвора нигоҳ доштани девонҳои Ҳофиз, Бедил, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ ҳамчун китобҳои муқаддас умеди нигаҳдорӣ ва тарбияи ҷигарбанди одамӣ бо тарзи тафаккури озодагӣ, маърифатпарварӣ ва адолатхоҳӣ аз анъанаҳои воқеии иҷтимоии ин адабиёт буд».
Воқеан, «Шоҳнома» донишномаи таъриху фарҳанг ва адаби пурифтихори тамоми ақвоми ориёӣ буда, ҳамаи марҳилаҳои зиндагонии ориёиёнро, ки саршор аз шодию нишот, орзуву ормон, шигифтию андӯҳ, муҳаббат ба меҳану нафрат ба душман, поси некию нописандии зиштӣ ва ғайра будааст, дар достонҳову қиссаҳои худ инъикос кардааст.
Ин ҳамосаи беназир бар иловаи тасвири шуҷоату далерии қаҳрамонони миллӣ, ки ҳамвора дар ҳимояи марзу буми ватани хеш будаанд, маҷмуи расму оини мардумони Хуросони бузургро бо ҳарорати баланди ватандӯстона ва маҳорати бемисли шоирона ба риштаи назм даровардааст. Аз ин рӯ, «Шоҳнома» шоҳасарест, ки ягонагӣ ва иттиҳоди рӯҳии мардумонро дар мубориза бар зидди ақвоми истилогар барои ба даст овардани озодию истиқлол бо тамоми шукӯҳмандию ҷалолати сухан ба тасвир кашида, дар паҳлуи ин мазомин расму оинҳои мардумию динӣ ва иҷтимоию ахлоқии гузаштагони моро бо тамоми ҷузъиёти он ба тасвир кашидааст. Ҳамзамон, дар ин ҳамосаи пурмоя беҳтарин лаҳзаҳои шодию сурур, айшу нишот ва мубоҳисаҳои пурдоманаи фалсафию динии гузаштагон таҷассум гардидааст. Ин китоби мумтозу беқиёсро метавон чун беҳтарин сарчашма ва дастури раҳнамо барои ташаккули ҳувияти миллӣ мавриди омӯзиши васеъ қарор дод. Бефоида нахоҳад буд, агар аз ёд донистани як ё якчанд достонҳои «Шоҳнома» дар рӯйхати адабиёти тавсияшаванда дар ҳамаи номинатсияҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шарти асосӣ бошад.
Адабиёти бошукӯҳи даврони шукуфоии давлатдории Сомониён саршор аз осори гаронмояи адабию илмиест, ки зиндагии он рӯзгоронро бо тамоми шаҳомату шукӯҳаш тасвир кардааст. Оғози нигоштани «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба даврони неҳзатҳои худшиносию истиқлоли миллӣ ва ҳамчунин, эҳёи забони модарӣ рост меояд. Ин шоҳкори беназир ба ғайр аз достонҳои асотирию таърихии пурмазмун манзумаҳои бузурге монанди «Достони Эраҷ», «Достони Рустам ва Суҳроб», «Достони Исфандиёри Рӯинтан», «Достони Сиёвуш» ва ғайраро дорад, ки дар онҳо рӯҳи миллӣ, муҳаббат ба меҳан, ифтихор аз кешу оини ниёкон ва орзуву ормонҳои инсон барои зиндагии осудаву шукўҳманд бо забони ниҳоят ҷаззобу шево тавассути хомаи тавонову сеҳрофарини шоир тасвир ёфтаанд. Арзишҳое, ки дар ин ҳамосаи бемисл бозгӯ шудаанд, дар рӯзгорони мо аз аҳаммияти бештаре бархӯрдоранд.
Воқеан, яке аз мавзуъҳои меҳварии «Шоҳнома» ишқ ба сарзамини обоию аҷдодияш ҳаст. Ин мазомин пайваста дар тӯли асар бо авотифу эҳсосоти нишотангез ва сӯзу гудози пуршўр садо медиҳанд. Ҳимоят аз Ватанро, ки бо ифтихор онро «Озодбум», «Шаҳри озодагон» мехонад, вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мешуморад ва мардумро ба хотири пуштибонию ҳифозат аз бару буму хонаву фарзанди хеш ба пойдорию ҷасорат ва устуворию муқовимат дар баробари душманон даъват мекунад:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Барои ҳакими фарзона аз ҳама азизтар Ватан аст. Дар сар то сари «Шоҳнома» бар гиромӣ доштани Ватан таъкид мекунад ва ҳаммеҳанони хешро даъват мекунад, ки бар ободу осуда нигоҳ доштани меҳан бикӯшанд ва пойдории истиқлол ва посбонии озодию оромиши сарзаминро муқаддастарин вазифаи хеш донанд.
Дар саросари ин ҳамосаи пуразамат рӯҳу андешаи миллӣ ва ҷаҳонбинии воҳиди меҳанпарастӣ партав афкандааст. Аз ин паёми ваҳдатофарини Фирдавсии бузург барои барангехтани муҳаббат ба арзишҳои миллӣ бояд пайваста истифода кард. Бо ин роҳ дар замири мухотабон меҳру дилбастагӣ ба хоку буми сарзамин парваронидан лозим аст.
Номҳои қаҳрамонони «Шоҳнома» дар ҳамаи хонаводаҳои тоҷикон дида мешавад, ки нишонае аз ишқу алоқаи тоҷикон ба гузаштаи пурифтихори хеш аст. Аз ин рӯ, ин ҳамосаи бузург метавонад дар таҳкими ҳувияти миллӣ хеле муфид бошад.
Беш аз ҳазор сол аст, ки сухани пур аз ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ бар инкишоф ва пешравии илму адаби башарият афзудааст. Дар тули таърих дурустию азамати ин каломи мондагори ҳакими Тӯсӣ: «Тавоно бувад, ҳарки доно бувад»-ро аҳли башар дарёфт ва дар заминаи он назарияҳои вобаста ба танзиму мудирияти донишро тавлид намуд. Дар фарҳанги Ғарб таҳти маънои байти мазкур мафҳуми «знание – сила» (Knowledge is Power) аз забони мутафаккирон ҳамвора шунида мешавад.
«Шоҳнома» Абулқосим Фирдавсӣ тавонотарин ва дилнишину дилнишонтарин намуна аз осори адабист. Ба сабаби густардагӣ ва ғановати зеҳнию маърифатӣ, таҷоруби нобу пуробутоби адабию фарҳангии худ ин шоҳасар метавонад дар ҳаёти шахсию ҷамъиятии инсони дилогоҳу равшанроҳ сутургтарин роҳнамо бошад ва ба қасду нияту азму иродаи ӯ таъсири бениҳоят калон расонад. Ҳамосаи ҷовидонаи Фирдавсӣ рӯҳияи миллӣ ва муҳабббат ба ватанро тавассути тасвири шукӯҳу азамати корномаҳои созандаву ситоишбарангези ниёкон дар кори ҳимоят аз марзу буми меҳан дар инсон тавассути забони шигарфу шево ва орӣ аз вомвожаҳо тақвият мебахшад.
АКС: АМИТ «Ховар»