Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврали соли 2026 Созишнома оид ба таъсиси Кафедраи ЮНЕСКО оид ба «Таҳқиқоти об, таҳсилоти экологӣ ва рушди устувор» дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби Директори генералии ЮНЕСКО Холид Эл-Анани ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада иттилоъ доданд, 12 феврал дар донишкада маросими расмии баимзорасонии созишнома аз тарафи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид, ки оғози фаъолияти расмии Кафедраи ЮНЕСКО дар доираи Барномаи UNITWIN/UNESCO Chairs ба ҳисоб меравад.
Дар маросим роҳбарияти донишкада ва ҳайати омӯзгорону муҳаққиқон иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ аҳамияти рушди таҳқиқоти илмӣ, таҳсилоти экологӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва рушди устувор таъкид гардид.
Кафедраи ЮНЕСКО ба рушди таҳқиқоти байнисоҳавӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Барои таъсиси Кафедраи ЮНЕСКО роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО–и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шарикони миллӣ ва байналмилалӣ изҳори сипос менамояд.
Таъсиси Кафедраи ЮНЕСКО нуфузи байналмилалии донишкадаро тақвият бахшида, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба об ва рушди устувор боз ҳам таҳким мебахшад.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон









Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






