Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Февраль 22, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар мавзуи «Мирзо Турсунзода- шоири миллӣ ва шахсияти барҷастаи ҷаҳонӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конференсия бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардида, ба он донишмандону суханшиносон, адабиётшиносон, муҳаққиқону пажӯҳишгарон даъват шудаанд.

Мавзуъҳои конференсияро «Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ», «Мақоми Мирзо Турсунзода дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик», «Мирзо Турсунзода-шоири ватандӯсту ватансаро», «Таблиғи андешаҳои миллӣ ва башардӯстона дар осори Мирзо Турсунзода», «Мирзо Турсунзода ва таъсирпазирию таъсиргузорӣ дар адабиёт», «Саҳми Мирзо Турсунзода дар густариши равобити адабии байни халқҳо», «Вижагиҳои луғавию услубӣ ва сарфию наҳвии осори Мирзо Турсунзода» ва ғайра ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки устод Мирзо Турсунзода-  шоири тавонои тоҷик давоми фаъолияташ ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон сафар карда, барои дӯстию рафоқат ва барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде намудааст. Ашъори пурмазмун ва сулҳҷӯёнаи устод Мирзо Турсунзода ӯро ҳамчун шахсияти тарғибгар ва паҳнкунандаи идеяҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намуд ва ашъори ӯ ба авҷи аъло расид.

Тараннуми сулҳу дӯстӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи муҳим дорад. Достонҳои «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Ман аз Шарқи озод» ба мавзуи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъйӣ бахшида шудаанд. Дарки амиқи мафҳуми сулҳ Мирзо Турсунзодаро то ба мартабаи Раиси кумитаи сулҳи кишварҳои Осиё ва Африқо расонид ва ӯ мунодии сулҳи минтақаҳо ва рамзи амнияту субот дар сайёра гардид. Ҳар мисрае, ки шоир дар он сулҳро васф намудааст, имрӯз аз ҷониби мардумони сулҳдӯст чун шиори зиддиҷангӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ин ҳама корнамоиҳо ва заҳматҳои шоистаи устод Мирзо Турсунзода буд, ки ӯ ба унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ва унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб гардид.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» нигоштаанд, «шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Тоҷикистон баръало ба мушоҳида мерасад. Мирзо Турсунзода доираи мавзуъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабӣ ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ аз он иборат аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум неруманд гардонид. Мавзуи сулҳу ваҳдат, накукориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯсти мо ҷилои тоза мебахшад».

Мавриди таъкид  аст, ки моҳи декабри соли 2025 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Куллиёт»-и осори устод Мирзо Турсунзода, ки ба тозагӣ аз чоп баромад, рӯнамоӣ гардид. «Куллиёт» аз шаш ҷилд иборат буда, дар онҳо шеърҳо, достонҳо, драма ва либреттоҳо, публитсистикаи тоҷикию русӣ ва мактубҳои воридшуда ба номи устод Турсунзода гирдоварӣ шудаанд.

Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки шоири маҳбуб 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи  водии Ҳисор ба дунё омада, 24 сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 22, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Осорхонаи таърихии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рашт баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Дар пойтахти мамлакат Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Лахшу Сангвор баргузор гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги шаҳри Бохтар доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш ва Сангвор баргузор мегарданд