ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст

ДУШАНБЕ, 16.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ тавонотарин ва дилнишинтарин намуна аз осори адабӣ аст. Дар илми шарқшиносии ҷаҳонӣ доир ба «Шоҳнома» таҳқиқоти зиёди гуногунарзиш анҷом дода шудааст. Мақсади нигоранда дар ин асари мухтасар шоҳномапажӯҳӣ дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад.
— Мақолаҳои Аълохон Афсаҳзод «Фирдавсӣ ва суннатҳои андарзгӯӣ» (1994), Муҳаррама Қодирова «Ҳикояҳои тамсилӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ» (2009), китобҳои Мирзо Муллоаҳмад «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), Назарбек Абдолов «Достонҳои ишқӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (2007), Алимуҳаммадии Хуросонӣ, Ҷӯрабек Назрӣ «Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома» (2014), Рустам Наботӣ «Симои Кайхусрав дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (2016) ва ғайра аз ҳамин қабил таҳқиқотанд ва онҳо низ бисёр муҳим ҳастанд, вале унвонҳои онҳо худ аз нисбатан ҷузъӣ будани доираи таҳқиқашон бозгӯӣ менамояд. Дар маҳдудаи замонии мавриди назар муҳимтарин ва ҷомеътарин таҳқиқ доир ба «Шоҳнома» бо қалами адабпажӯҳи нуктасанҷу мутафаккир, профессор Худоӣ Шарифзода анҷом дода шудааст, ки зери унвони ««Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» ба муносибати ҳазораи ин асари муҳташам дар ҳаҷми 33 ҷузъи чопӣ соли 2014 дар Душанбе ба нашр расид. Мо зайлан ба сабаби тозагӣ ва ҷомеияти таҳқиқи мазкур дар бораи он чанд сухан хоҳем гуфт.
Ин китоби яклухт аз муқаддима, 14 фаслу зер, фаслҳои марбути онҳо ва хулосаву китобнома фароҳам омадааст. Муаллиф дар муқаддима сабабҳои дар дараҷаи беҳтар қарор доштани матни интиқодии «Шоҳнома»-ро, ки ба эҳтимоми Ҷалил Холиқии Мутлақ анҷом пазируфтааст, нишон дода ва таҳқиқоти фарогири худро дар асоси ҳамин нусхаи чопӣ ба амал овардааст.
Дар китоби устод Худоӣ Шарифзода бар замми он ки масъалаҳои хеле зиёди «Шоҳнома» ҳаллу фасл шудаанд, муаллиф боз бисёр масъалаҳои то охир ҳалношударо дар заминаи баҳсҳои ҷудогона ба миён мегузорад. Аввалин масъалае, ки ӯ бо ковишу таҳқиқи таърихи интишор ва чопи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба миён гузоштааст, аз сари нав омода сохтани матни тозаи илмӣ-интиқодии ин ҳамосаи бузурги миллӣ мебошад, зеро ҳамаи чопҳое, ки аз ин асари бузург рӯи кор омадаанд, қонеъкунанда нестанд. Маълум аст, ки ин асар аз гоҳи офарида шуданаш ба ин тараф, бо мурури замон, интерполятсия (таҳриф) шудааст, яъне, аз асли худ хеле дур гаштааст. Аммо асолати матни онро муҷаддадан барқарор намудан кори басе душвори пургиреҳ, доништалаб, вақтгир, тааммулхоҳ, вале аслию асосӣ ба назар мерасад. Чунин кор аз асрҳои миёна шуруъ шуда буд, аммо ба сабаби набудани меъёру принсипҳои дақиқи нусхашиносию матншиносӣ мусаҳҳеҳони он замонҳо кори тасҳеҳи матни «Шоҳнома»-ро боз ҳам пургиреҳтар намудаанд. Ин матлабро устод Шарифзода дар китоби худ борҳо таъкидан гӯшзад кардааст. Бар тақвияти ақидаи устод кори Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвиниро (1281-1349), ки хеле пештар аз падид омадани нусхаи «Шоҳнома»-и Бойсанқурӣ (пештар аз соли 1336, яъне қабл аз сурудани «Зафарнома») анҷом додааст, мисол овардан мумкин аст.
Ӯ дар муқаддимаи «Зафарнома» хабар медиҳад, ки дар матни «Шоҳнома» ҳангоми истинсох аз тарафи котибони гуногун саҳву тахлити бешумор рафтааст ва ӯ бо муқобила кардани чандин нусха гӯё матни саҳеҳи онро ба вуҷуд овардааст. Дар ин маврид мегӯяд:
…Басе дафтари «Шоҳнома» ба каф
Гирифтам зи дониш чу дур(р) аз садаф.
Бурун оваридам яке з-он миён,
Дар ӯ шуд суханҳо латифу аён.
Чу гашт аз муқобил суханҳо тамом,
Ба таҷдид шуд назми он бонизом.
Кашидем дар силки катбат варо,
Дар он тоза шуд боз рутбат варо…
Ҳоло дар куҷо мавҷуд будани ин нусхаи кори Ҳамдуллоҳи Муставфӣ маълум нест. Аммо аз эҳтимол дур нест, ки ӯ низ дар кори тасҳеҳи матни «Шоҳнома» ишколҳои дигаре зам намуда бошад.
Масъалаи дигаре, ки аз тарафи устод Худоӣ Шарифзода ба миён гузошта мешавад, марбут ба омӯзишу пажӯҳиши «Шоҳнома» мебошад. Гуфта мешавад, ки таҳқиқи «Шоҳнома» масоили халлоқияти адабӣ-ҳунарӣ, ҷаҳоншиносӣ, забонӣ, таърихӣ, асотирӣ, афсонаӣ, ривоятӣ, этнографӣ, андарзу хитобаҳо, мунозираҳо ва ҳоказоро дар бар мегирад ва аз ин ҷиҳатҳо «Шоҳнома» баҳри бекаронаеро мемонад, ки соҳилаш намоён нест.
Ин ба он маънист, ки андешаҳои Фирдавсӣ аз он чи мо тасаввурашон мекунем, хеле амиқтару пурвусъаттар ва бисёрпаҳлутар аст. Ин як ҳақиқати мусаллам аст. Аммо чаро чунин аст? Ба назари мо, сабаб дар он аст, ки матни «Шоҳнома», алорағми матнҳои осори адибони ҳамзамони Фирдавсӣ ва дар бартарӣ аз онҳо, матни бузурги адабии боз аст. Аз ин рӯ, дари баҳсу довариҳо доир ба муҳтавои «Шоҳнома» ва дарунмояи он ҳамеша кушода буда, ҳар донишманде имкон дорад бо меъёру равишҳои мушаххаси илмӣ дар бархурд аз онҳо натиҷаҳое ба даст оварад.
Мавзуи дигари омӯхтании «Шоҳнома», ки аз ҷониби устод Худоӣ Шарифзода таъйид мегардад, таҳқиқи ҳаматарафаи поэтикаи сухани шоиронаи Фирдавсӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, яъне дар баҳам пайвастани ҳунару андеша Фирдавсӣ барҳақ адиби «нобиғаи беҳамто ва интеллектуал (андешаманд)» эълом шудааст.
Худи Худоӣ Шарифзода дар ин китоби бузургаш ба ҷузъиёту куллиёти «Шоҳнома» назар кардааст ва нигоҳи ӯ нигоҳи мӯшикофонаи адабии таҳлилӣ, тавъам бо диди фалсафию зебоишиносӣ ва мардумшиносӣ мебошад.
Гуфтани он низ дархури аҳаммият менамояд, ки мавсуф аз охири солҳои 90-уми асри гузашта ва оғози асри ҳозир бештар аз пештар ва ҷиддан ба таҳқиқи «Шоҳнома» ғӯта хӯрдааст. Баъзе мақолаҳои ӯ, ки дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон таълиф шудаанд, ба ҳайси асоси кор ва мавқеияти вуруд ва ғавр ба мавзуъҳои таҳқиқи вай марбут ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» гаштаанд.
Назари устод Худоӣ Шарифзода доир ба падид омадани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамчун як асари ҳамосии миллӣ хеле ҷолиб аст. Аз таҳқиқи ӯ бармеояд, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маҳсули амали қонунмандии дохилии рушди ҳунари адабӣ мебошад. Сабаб ҳамин аст, ки баъзе паҳлавонони ҳамосаи «Шоҳнома» ҳатто дар Авасто ва Ведоҳо ва асотири қадими қабл аз исломӣ зикр шудаанд. Мазмуни ҳамаи онҳо бо диди мазҳабӣ махлут гашта, тадриҷан ба сурати афсона ва, баъдан, достон расидаанд. Даҳои Фирдавсӣ ва нубуғи маърифатию ҳунарии ӯ ҳамаи онҳоро вусъати адабӣ бахшидааст. Яъне, ин ҷо биниш ва сатҳи ҳунари халлоқияти адабии шоир ба зинаи аввал мебарояд. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки «Худойнома» ва «Шоҳнома»-ҳои муаллифони зуҳуркарда то Фирдавсӣ ва ҳамзамонони ӯ қадру эътибори «Шоҳнома»-и Фирдавсиро соҳиб нагардидаанд. Гузашта аз ин, ба эҷоди ҳамосаи миллӣ рӯ овардани Фирдавсӣ аз нигоҳи иҷтимоию фарҳангӣ ва фикрии замон як амри табиӣ будааст. Зеро муҳаққиқ заминаҳои тақвияти қасди Фирдавсиро дар назми он муфассал нишон дода, тадвини онро натиҷаи наҳзати фарҳангӣ маънидод кардааст. Ғайр аз ин, донишманд панҷ қарни баъд аз замони Сосониёнро як марҳилаи томи рушди ҳамосаи миллӣ медонад ва таъкид бар он мекунад, ки ин марҳила то ба имрӯз ба андозаи кофӣ таҳқиқ нашуда боқӣ мондааст. Ба фикри устод, дар раванди худшиносии миллӣ дар замони Фирдавсӣ чизе, ки мардуми эронитабор бар фишори фарҳангии араб метавонист муқобил гузорад, ҳамин ҳамосаи миллӣ буд, ки муҳтавои комилан миллӣ дошт, вале аз нигоҳи мазҳабӣ ба тақозои мафкураи динии ҳоким бар ҷомеа мутобиқ кунонида шуда буд. Бар иловаи инҳо, Фирдавсӣ ахбори ҳамосию асотирӣ ва қиссаҳои паҳлавониро сурати баркамоли бадеӣ додааст, ки дигарон дар ин амр натавонистанд бар пояи ӯ баробарӣ кунанд. Муҳаққиқи мавриди назари мо ҳам монанди шоҳномапажӯҳони маъруф Евгений Бертелс, Муҳаммадамини Риёҳӣ, Қадамалии Сарромӣ, Мир Ҷалолуддини Каззозӣ, Муҳаммадалии Исломии Надушан, Холиқии Мутлақ ва дигарон «Шоҳнома»-ро ҳамчун як асари бузурги воҳиди ҳунарӣ қабул кардааст, вале фарқи арзёбиҳои ӯ аз соири донишмандон ё ба баёни дигар, тозагии пажӯҳиши ӯ дар он аст, ки таърихчаи пайдоиши анвои гуногуни адабиро дар ин шоҳасар ҷустуҷӯ ва дарёфт кардааст.
Чунончи, аз назари ӯ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз аносири устура, ривоят, афсона, корнома ё достони бузург ва дигар навъҳо иборат аст.
Рӯзгор ва фаъолияти ҳар яке аз подшоҳони «Шоҳнома» дар фазо ва макони густарда корномаест шоёни омӯзишу ибрат ва он дар баёну тасвири Фирдавсӣ ба масобаи як навъи адабӣ зуҳур кардааст, ки шабоҳат ба романро дорад ва дар айни замон устура, ривоят, афсона, муноҷот, мадеҳа, марсия ва соири анвои адабиро дар батни худ дорад. Подшоҳии Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Манучеҳр, Кайковус, Гуштосп, Луҳросп, Баҳман, Доро, Ардашер, Баҳроми Гӯр ва дигарон то Яздигурд ҳама корнома мебошанд ва баробар бо достони бузурганд, ки миқдорашон бист адад аст. Ҳар яке аз ин достонҳои бузург дар дохили худ фарогири андарзу ривояту тамсилоту достонҳои хурд ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин ҳар яке аз достонҳои бузург мавзуъ, муҳтаво ва сохтори ҳунарии мутафовит доранд.
Фасли дуюми китоб ба ҷойгоҳи сухан ва суханварӣ аз мавқеияти диди Фирдавсӣ бахшида шудааст ва ин фасл асосан оид ба шарҳи мазмуни суханони Фирдавсӣ дар ин бобат мебошад. Муҳимтарин моҳияти сухан судманд, бегазанд ва нав будани он шарҳу маънӣ шудааст.
Устод Шарифзода низ ба монанди соири устурашиносони маъруф муътақид аст, ки маърифати бадеии ақвоми соҳиби тамаддуни ғанию куҳан аз устура оғоз мегирад. Асотири мардумони эронитабор «бо гузашти замон ҷанбаи аслӣ ва мазҳабии худро аз даст дода, табдил ба афсонаи сода шудааст».
Ба таъкиди устод Худоӣ Шарифзода, дар қисмати асотирӣ ва паҳлавонии «Шоҳнома» унсурҳои афсона бисёранд ва ин унсурҳо аз ҷониби ӯ таҷзия, таъйин ва таҳлил шудаанд. Чунончи, ба сад сол аз назари мардум пинҳон мондани Ҷамшед, дар ихтиёри Заҳҳок будани хоҳарони Ҷамшед – Шаҳрнозу Арнавоз ва озод шудани онҳо аз ҷониби Фаридун, модагови Бармоя ва ба шири он парвариш ёфтани Фаридун, образи Симурғ ва парваридани ӯ Золро, санги афтонро бо пояш бастани Фаридун, имтиҳон кардани Фаридун писаронашро ва ҳоказо ҳама бунёди афсонавӣ доранд. Гузашта аз ин, Худоӣ Шарифзода ба таҷзияву таҳлил ба субут расонида, ки баъзе достонҳои алоҳидаи қисмати қаҳрамонии «Шоҳнома» низ пурра бунёди афсонавӣ доранд. Мисоли барҷастаи он «Достони Рустам ва Аквондев», «Достони ҳафт хони Рустам» ва соири ҳафтхониҳо, ҳамчунин ба осмон рафтани Кайковус, оғози «Достони Сиёвуш», дар ихтиёри козур парварида шудани Дороб ва оқибати кори ӯ ва баъзе лаҳзаҳои қисмати таърихии «Шоҳнома» ҳама сурати саҳнаҳои афсонаҳои мардумиро доранд. Гуфта мешавад, ки гарчи Фирдавсӣ аз ин унсурҳо истифода кардааст, аммо дар заминаи онҳо достон офаридааст. Нишонаҳои достон будани онҳо дар парвози тахайюли шоиронаи Фирдавсӣ ва ба образҳои бадеии мушаххас табдил шудани иштироккунандагони воқеаҳо мушаххас мешавад. Дар офариниши шоир ҳар персонаж донишу рафтор ва хисоли худро дорад. Бар илова, достон будани онҳо дар банду басти достонӣ (композитсия) ва ваҳдати шаклӣ пайдо кардани сужаи онҳо шинохта мешавад. Инҳо ҳама дар фасли сеюми китоб батафсил ва бодалел таҳқиқ шудаанд.
Дар фасли чоруми китоб, ки «Достон дар «Шоҳнома»» унвон гирифтааст, сухан аз боби раванди шакли муайяни адабӣ гирифтани достон меравад. Достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба маънои як рӯйдоди азими дорои ваҳдати шаклию сохторӣ талаққӣ шуда, ки баъд аз устураву афсона падид омадаанд.
Ба назари мо, яке аз ҷолибтарин қисматҳои китоб зерфасле ба унвони «Воқеияти иҷтимоӣ дар «Достони Зол ва Рудоба» мебошад ва он аз ҷиҳати таҳқиқи адабпажуҳӣ тозагиҳои бисёр дорад. Дар ин бахш муносибати воқеаҳо, қаҳрамонон ва дигар ҳодисаҳои «Достони Зол ва Рудоба», ки достони ошиқона аст, аз мавқеияти воқеияти иҷтимоӣ баррасӣ ва арзёбӣ шудаанд. Чунин баррасиҳо аз аввал то анҷоми достон қадам ба қадам бо ҷараёни сужаи он хеле муфассал ва мӯшикофона амалӣ гардидааст.
Романи манзуми дигар, ки устод Худоӣ Шарифзода ба таҳлили он пардохтааст, достони фоҷиавии «Рустаму Суҳроб» мебошад. Дар ин таҳқиқ ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии ин достон батааннӣ баррасӣ шудаанд. Назар ба баррасиҳои устод, рафтору кирдори Суҳроб ҷанбаи иҷтимоӣ дорад, вале аъмоли Рустам комилан ҷанбаи сиёсиро дорост. Достони «Рустаму Суҳроб» бар иловаи ҳамаи завоёи баррасию арзёбиҳои илмӣ бори аввал дар таҳқиқи устод Худоӣ Шарифзода дар пайванди сиёсию иҷтимоӣ ва дар иртибот ба замони зиндагии Фирдавсӣ ҳаллу фасл гардидааст. Муаллифи китоб достонҳои хурди «Шоҳнома»-ро падидомада дар алоқамандии шоир бо муносибот ва донишҳои мардумӣ тавзеҳ кардааст, ки комилан пазируфтанист.
Ҳамин тартиб, дар фаслҳои баъдии китоб муаллиф ҷойгоҳи номаҳои манзум, ниёиши қаҳрамонон, мадеҳаҳо (махсусан, мадҳи Султон Маҳмуд, қитъаоти ҳакимона, зарбулмасалҳо, тағаззулу ташбибгунаҳо ва марсияҳои дар «Шоҳнома» омадаро як-як ба домани таҳқиқ кашида, ба натиҷагириҳои ҷолиб ноил омадааст.
Ҷой дорад бигӯем, ки устод Худоӣ Шарифзода вуҷуди ҳар навъи адабии ҳадафи таҳқиқашро аз аъмоқи таърихи қадими башарияти мутамаддин, аз қабили милали Чин, Ҳинд, Араб ва Эрони фарҳангӣ ҷӯё шуда, то вуруди онҳо ба «Шоҳнома» пешинаи зуҳур ва сайри таърихии онҳоро бо камоли диққат ҷустуҷӯ ва пайгирию таҳқиқ намудааст.
Дар иртибот ба китоби илмии мондагори мавриди назар гуфтании дигар ин аст, ки он фарогири тамоми матни «Шоҳнома» аст. Яъне, устод Худоӣ Шарифзода аз оғоз то анҷоми «Шоҳнома» ҳамаро бо дидаи таҳқиқ мутолиа карда ва шояд ин кор на як бору ду бор воқеъ шуда бошад. Пайомади чунин мутолиа, ғайр аз он дастовардҳои илмӣ, ки интихобан ва дар шакли муъҷаз пештар гуфтем, аз тарафи устод таъйини се дарунмоя ё паёми аслии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад, ки яке ба вуҷуд омадани ҷомеаи башар, дигаре ватандӯстӣ ва ватангароии эронӣ ва сеюмӣ салоҳи сиёсию иҷтимоӣ мебошанд. Ҳамаи афкору андешаҳои Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» атрофи се асли гуфташуда мечарханд ва нияти ниҳоии Фирдавсӣ аз асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст. Идеяҳои мутазаккираи таҷассумёфта дар «Шоҳнома» ва таҳқиқшуда аз ҷониби ин муҳаққиқи соҳибназар аз муҳимтарин матолиби дархури ҷомеаи рӯзгори мо низ мебошанд.
Устод Худоӣ Шарифзода барои таҳқиқи баъдии худ маводи илмии фаровоне гирд оварда буд ва мехост ин пажӯҳишро идома диҳад. Аммо дар синни 82-солагӣ ин дунёи фониро тарк кард ва ба ҷовидон пайваст. Шогирдони кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон он маводи ҷамъовардаи устодро дар ду ҷилди дигар фароҳам ва чоп намуданд. Ва мутолиаи онҳо аз заҳмати фаровон ва таваҷҷуҳи пайвастаи ин донишманди пуркор дарак медиҳад.
Бадриддин МАҚСУДЗОДА,
доктори илми филология
АКС: АМИТ «Ховар»