Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад

Июль 25, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 25.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ ва 10  муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад. Чунин иттилоъ дод муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Дар арафаи соли нави таҳсил зиёда аз се муассисаи таълимии ибтидоӣ низ ба истифода дода мешавад. Ин муассисаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд.

Ҳамзамон дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 53 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 77 муассисаи томактабӣ барои 18 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Душанбе 169 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин теъдод 96 адад муассисаи таҳсилоти буҷетӣ, 62 адад муассисаи томактабии хусусӣ ва 11 адад муассисаи таҳсилоти назди корхонаю ташкилот бо фарогирии 35 ҳазору 245  тарбиятгиранда ва 2052 мураббия фаъолият доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

Июль 25, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд