Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ ва 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад. Чунин иттилоъ дод муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Дар арафаи соли нави таҳсил зиёда аз се муассисаи таълимии ибтидоӣ низ ба истифода дода мешавад. Ин муассисаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд.
Ҳамзамон дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 53 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 77 муассисаи томактабӣ барои 18 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Душанбе 169 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин теъдод 96 адад муассисаи таҳсилоти буҷетӣ, 62 адад муассисаи томактабии хусусӣ ва 11 адад муассисаи таҳсилоти назди корхонаю ташкилот бо фарогирии 35 ҳазору 245 тарбиятгиранда ва 2052 мураббия фаъолият доранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






