ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ. Бақайдгирии хонандагони синфи 1 ба муассисаҳои таълимии пойтахт тавассути «eDonish» амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 август бақайдгирии хонандагони синфи 1 ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тавассути барномаи электронии «eDonish» амалӣ карда мешавад. Ин иқдом дар доираи тадбирҳо барои гузариш ба таҳсили рақамӣ амалӣ гардида, барои гузариш ба низоми электронии таҳсил қадами муҳим ба шумор меравад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадаф аз ин иқдом содаву шаффоф гардонидани раванди бақайдгирии кӯдакон ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ мебошад.
Барои сабти ном сараввал бояд тавассути браузер ба барномаи электронии «eDonish» ворид шуд. Сипас бахши «Ба синфи 1»-ро интихоб карда, тавассути рақами телефони мобилӣ худро метавон сабти ном намуд.
Волидайн бояд дар бораи худ ва фарзандашон маълумотномаи заруриро пур намуда, муассисаи таълимиро мутобиқи суроғаи истиқомат ва забони таълим интихоб намоянд. Пас аз пур кардани маълумотнома аризаи худро бо пахши як тугма ирсол намуда, паёми тасдиқро интизор шаванд.
Барномаи «eDonish» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандонашон бо истифода аз воситаҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.
Тавассути ин барнома волидайн метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ бо паёмак расонида мешаванд, дар телефон дастрас намоянд.
Гузашта аз ин барномаи «eDonish» ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намуда, оид ба раванди таҳсили ҳар хонанда ва сатҳи пешрафти онҳо дар робита бошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






