Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расидааст. Бардошт аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раëсати муовини Сарвазири Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» таҳти раëсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои семоҳаи филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, раисони ноҳияҳои пойтахти мамлакат ва кормандони соҳаи барқ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2025 дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.
Ба иттилои муовини Сарвазири Тоҷикистон натиҷаҳои семоҳа нишон медиҳанд, ки эродҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуда буданд, дар ҳақиқат дар шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе тасдиқи худро ёфтанд. «Талафоти шаҳри Душанбе ду сол қабл ба 35-40 фоиз мерасид, имсол бо бурдани корҳое, ки давоми се моҳи охир иҷро шудаанд, натиҷаҳо назаррас мебошанд. Талафоти шаҳри Душанбе дар моҳҳои апрелу май 10 фоиз ва дар моҳи июн ба 8,6 фоиз фароварда шуд. Аз ин бармеояд, ки 25 фоизи барқ дар пойтахт дуздӣ будааст»,-гуфт Усмоналӣ Усмонзода.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар Душанбе 180 ҳазор ҳисобкунаки биллингӣ аз 196 ҳазори нақшавӣ насб карда шудааст. Фаъолияти ин ҳисобкунакҳо нишон дод, ки дарвоқеъ дар шаҳри Душанбе камбудиҳои зиёде мавҷуд будаанд.
Иброз гардид, ки давоми моҳи август тамоми муштариёне, ки ба системаи биллингӣ баъди насби ҳисобкунакҳо ворид нашудаанд, ба система ворид карда мешаванд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки моҳи сентябр бо татбиқи пурраи лоиҳаи амалишавии системаи биллингӣ дар пойтахт ба натиҷаҳои назаррас хоҳем расид.
Усмоналӣ Усмонзода баён дошт, ки агар дар маҷмуъ дар шашмоҳаи якуми соли равон талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расида бошад, то охири сол метавон гуфт, ки ин нишондиҳанда ба 12-13 фоиз расонида хоҳад шуд.
Натиҷаҳои шаҳри Душанбе дар байни ҳамаи шабакаҳои ҷумҳуриявӣ 25 фоизи барқи ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Имрӯз барқе, ки шаҳри Душанбе истифода мебарад ва маблағе, ки ҳисобӣ карда мешавад, ҳар моҳ қариб 150 миллион сомониро ташкил медиҳад. Яъне, ин маънои онро дорад, ки натиҷаҳои ҷумҳуриявӣ аз пойтахти мамлакат сахт вобастагӣ доранд.
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода иброз дошт, ки таъмини рушди иқтисодиёт, аз ҷумла истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд. Соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими мамлакат эътироф гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ якчанд барномаҳои миллӣ барои рушди соҳаи энергетика қабул ва мавриди татбиқ қарор дода шудаанд.
Новобаста ба ин, гуфт Сарвар Азимзода, соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо якчанд мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст, ки заминаи асосии онро ҷой доштани қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ, нокифоягии кадрҳои садоқатманд, паст будани сатҳи назорати дохилӣ, аз рӯи манфиатҳои шахсӣ расонидани зарари молиявӣ ба манфиати давлат ва дигар омилҳои коррупсионӣ ташкил медиҳанд.
«Санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои зиёди дуздӣ ва талафоти беасоси қувваи барқ, тасарруфи таҷҳизот ва маблағҳои соҳа, порагирӣ, ғайриқонунӣ аз эътибор соқит намудани қарздории муштариён, беасос иваз кардани ҳисобкунакҳои барқӣ, ворид кардани тағйирот ба барномаи биллингӣ ва ҳисобкунакҳои барқӣ ва ба ин восита кам пардохт кардани маблағи онро ошкор намуданд. Дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ талафоти қувваи барқ аз 20,9 фоиз то ба 17,93 фоиз, яъне қариб 3 фоиз паст ва ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ зиёда аз 735 миллион сомонӣ зиёд карда шудааст. Албатта, дар расидан ба натиҷаҳои назаррас саҳми кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ҷой дорад»,-гуфт ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли равон талафоти барқ аз 21,27 фоиз ба 16,24 фоиз расонида шудааст, ки дар ин самт низ кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр назаррас мебошад.
Ба иттилои муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти прокуратура тавассути тадбирҳои андешида дар нимсолаи якуми соли раовн оид ба назорати қонунгузорӣ дар соҳаи энергетика дар маҷмуъ 2326 амр, 221 пешниҳод, 3800 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, маъмурӣ пешниҳод шуда, 190 парвандаи ҷиноятӣ дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз гардида, 273 миллион сомонӣ зарар рӯёнида шудааст. «Дар шаҳри Душанбе қонунвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои зиёд ошкор карда шуданд. Боиси нигаронист, ки кормандони шабакаҳои тақсимоти барқ ба ҷои пешгирии дуздии талафоти беасоси барқ худашон ба он мусоидат мекунанд»,-изҳори нигаронӣ намуд муовини Прокурори генералӣ.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи истифодаи самараноки истифодаи неруи барқ, пешгирии талафоти он аз ҷониби аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Пас аз ҳисоботи масъулини мақомоти назоратию иҷроия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзуи мавриди назар, инчунин барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ибрози андеша намуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»