То 23 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 19.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 23 июл дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои хеле гарм пешгӯӣ мешавад, ки ин бо воридшавии устувори анбӯҳи ҳавои хушк ва гарм алоқаманд аст. Дар ин хусус Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Ҳаво дар ин давра дар водиҳои вилояти Хатлон 40+46 дараҷа гарм, дар водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 39+44 дараҷа гарм, дар водиҳои вилояти Суғд 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ 35+40 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Бо назардошти гармии тӯлонӣ ва обшавии босуръати барфу пиряхҳо хатари сар задани селҳои пиряхӣ дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ афзоиш меёбад. Селҳои пиряхӣ метавонанд боиси баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои кӯҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд гардида, ба аҳолӣ, инфрасохтор ва кишоварзӣ таҳдид намоянд.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки бахусус дар ноҳияҳои осебпазири кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ чораҳои эҳтиётиро риоя намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






