ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд

Июль 1, 2025 10:53

ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пеш, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуданд, ки симои шаҳру ноҳия ва деҳоти вилоятро ба куллӣ тағйир дода, боз ҳам зеботар гардонидаанд. Танҳо дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бинои истиқоматии баландошёна барои 48 оилаи хизматчиёни давлатӣ, Маркази фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ ва савдо, китобхонаи бачагонаи вилоятӣ бо маркази рушди зеҳнӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, пулҳои мошингузар, инчунин, корхонаҳои коркарди гӯшт, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд, ки барои таъмин намудани зиндагии шоистаи сокинони вилоят муҳим мебошанд. Чунин омадааст дар мақолаи сарходими илмӣ – профессори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод Эркин ДОСТИЕВ дар ҳошияи сафари кории Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Матни пурраи мақолаи мазкур манзур мегардад:

— Дастовардҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар чанд соли охир метавон бесобиқа арзёбӣ намуд. Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақаи дурдасти кӯҳистон ва заҳмати содиқонаи сокинонаш шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам рушд ёфта, шароити зиндагии аҳолӣ нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардидааст.

Яке аз далелҳои асосии ин гуфтаҳо, ин дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дар вилоят бунёду навсозии 1362 иншоот мебошад. Аз ин теъдод имрӯз корҳои сохтмонӣ дар 1059 иншоот ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ ба анҷом расидаанд, ки 78 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Хурсандиовар аст, ки то имрӯз дар вилоят 80 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 70 иншооти соҳаи маориф, 46 иншооти тандурустӣ, 74 иншооти варзиш, 29 иншооти фарҳанг, 246 километр роҳ, 37 пул ва садҳо иншооти дигари иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд гардидаанд. Аз ҷумла, пули нави мошингузар аз болои дарёи Ғунд ба дарозии 200 метр бо мумфаршкунӣ ва чароғонсозии якуним километр роҳ, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур, ки бо харҷи маблағҳои калон бунёд гардидаанд, барои таъмин намудани зиндагии шоистаи сокинони вилоят муҳим мебошанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 1993-юм 5 баробар зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ – майи соли 2025 дар вилоят 45 коргоҳу корхонаи нав таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз афзудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ аз 13 ба 183 ва номгӯйи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 намуд ба 70 намуд расидааст.

Корхонаи коркарди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, ки асосан ба коркарди гӯшти парҳезии қутос машғул мебошад, яке аз калонтарин корхонаҳо дар миқёси вилоят буда, аз ҷониби соҳибкори бонангу номуси ватанӣ ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Барои рушди соҳаи саноат дар вилоят вазоратҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки доир ба роҳандозии фаъолияти самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ ва содироти он тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 мегаватт буд.Соли 2024 ин рақам ба 47,5 мегаватт расида, 4,6 баробар зиёд шудааст. Чанд рӯз пеш дар вилоят Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро бо иқтидори 11 мегаватт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бартараф намудани маҳдудияти барқ дар соатҳои сарборӣ ва устувории интиқоли он ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ба кор шуруъ намуд.

Ҳамчунин, дар доираи сафари кории Президенти мамлакат 7 неругоҳи барқи офтобӣ ва барқи обии хурд дар деҳаҳои дурдасти вилоят ба истифода супорида шуданд. То охири соли равон боз 16 неругоҳи барқи офтобӣ, 11 неругоҳи барқи обии хурд ва як неругоҳи барқи бодӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Аз ҳисоби ба истифода додани иншооти энергетикии то охири соли равон сохташаванда иқтидори умумии истеҳсоли неруи барқ дар вилоят 28 мегаватт зиёд гардида, ба 75,5 мегаватт мерасад, яъне нисбат ба соли 1991-ум қариб 8 баробар зиёд мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2025 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ (ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН!
ПЕШВОИ ТАШАББУСКОР ВА ДАВЛАТИ ТАЪСИРГУЗОР
Донистани роҳҳои дурусти муҳофизат аз гармии тобистон барои ҳифзи саломатӣ муҳим мебошад
То замони муосир барои шарҳи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бештар аз 10 фарҳанг ба қалам омадааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз пиршавиро пешгирӣ менамояд
Водии «Ҳафткӯл» бо кӯлҳои рангоранг ва табиати афсункораш диққати сайёҳонро бештар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани чакка барои бемориҳои системаи ҳозима ва сил муфид аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат талош менамояд
ХУТТАЛИ ҚАДИМ. Пазируфта шудани он ба рӯйхати Мероси ҷаҳонӣ далели нақши муҳими ин маконҳо дар таърихи минтақа аст
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!