35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи «Хуҷанд» навсозӣ мегардад

Август 3, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд меҳмонхонаи «Хуҷанд» навсозӣ мегардад. Он аз 12 ошёна ва 187 утоқ иборат буда, дар як вақт имконияти қабули 294 меҳмонро дорад. Дар айни замон корҳои таъмиру навсозӣ ва насби таҷҳизоти зарурӣ дар ошёнаи 8-уми бино идома доранд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Ҳамзамон  дар ҳудуди меҳмонхонаи «Хуҷанд»  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба меҳмонон бунёди марказҳои хизматрасонӣ, қаҳвахона, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, мавзеъҳои сайру гашт, таваққуфгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон идома дорад.

Дар шаҳри Бӯстон таъмиру навсозии қасри фарҳанг низ идома дорад. Ҳоло корҳои асосии сохтмонӣ дар қасри фарҳанг ба анҷом расида, мутахассисон ба пардозу рангу бор машғул мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо сохтмон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба раиси шаҳр ва масъулон супориш дод, ки толори даромадгоҳи қасри фарҳанг бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, дар он маҳфилҳои рақс, сурудхонӣ, навозандагӣ, маҳорати актёрӣ ва дигар барномаҳои фарҳангию ҳунарӣ ташкил карда шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 3, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд