35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Спитамен коргоҳи пойафзолдӯзӣ, мактаб–кӯдакистон ва маркази саломатӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми мақомоти давлатӣ, аҳолӣ ва соҳибкорон корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии соҳибкорон дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол сохтмони бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, коргоҳи пойафзолдӯзӣ, мактаб–кӯдакистон ва маркази саломатӣ идома дорад. Баъди ба истифода супоридани ин чор иншооти муҳим даҳҳо нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мегарданд.
Дар ноҳияи Спитамен ба бунёду таъмири муассисаҳои тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Таъмиру навсозӣ ва таҷҳизи беморхонаи марказии ноҳия имкон медиҳад, ки сокинон дар шароити беҳтарин аз ташхису табобат баҳравар гарданд. Дар ин замина сохтмони маркази дилшиносии ноҳия, ки бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шараён Варид» бунёд мешавад, босуръат идома дорад. Ин марказ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтан сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам боло мебардорад.
Дар ноҳияи Спитамен ҳамзамон ба ташкили корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «БТК Групп» тасмим гирифтааст, ки дар муддати кӯтоҳ корхонаи пахтатозакуниро бо иқтидори коркарди 100 тонна пахта дар як шабонарӯз ба истифода диҳад. Бо фаъол шудани корхона 25–30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд






