«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби якуми академик Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Абармарди таърихсоз» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар китоб таълифоти Фарҳод Раҳимӣ, ки перомуни рушди соҳаҳои калидии ҷомеа- илму маърифати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми беназиру мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккули тафаккури илмӣ-техникии ҳамдиёронамон бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020-2040 сухан меравад, фароҳам омадаанд.
Дар сарсухани китоб, аз ҷумла омадааст, ки соли оянда мардуми Тоҷикистон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд. Ин санаи таърихӣ ва ба даст овардани истиқлолу соҳибихтиёрӣ неъмати бузургест, ки насиби мардуми мо шуд. Имрӯз, вақте ки сухан аз истиқлолу соҳибихтиёрӣ меравад, мо бояд ин пайроҳаи 35-солаи тайкардаи ҷумҳуриро тавъам бо кору пайкори мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ намоем ва онро ба риштаи таҳқиқ кашем.
Хизматҳои беназири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи ифтихор, ҳифз намудани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину ойин, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ карда мешаванд.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳёи арзишҳои волои миллӣ низ хизматҳои шоиста намудаанд.
Китоб аз силсиламақолаҳо, аз ҷумла «Абармарди таърихсоз», «Пешвои миллат ва Истиқлоли давлатӣ», «Нақши Пешвои миллат дар рушди илми ватанӣ», «Пешвои миллат ва ҳифзи асолати миллӣ», «Паёми Президенти Тоҷикистон-машъали роҳнамои ҷомеа», «Рисолати Пешвои миллат дар наҷотбахшии аҳли башар», «Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ-оғози эҳёи давлатдории навини милӣ» ва «Пешвои миллат- эҳёгари Наврӯз» иборат мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






