Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ рамзи расмии «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»-ро муаррифӣ менамояд

Август 19, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 19.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи расмии «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия 2025-2030»-ро муаррифӣ менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин рамз на танҳо унсури ҳувияти визуалӣ, балки рамзи қавии иродаи давлати мо дар роҳи бунёди экосистемаи пуриқтидори рақамӣ ва тақвияти инноватсияҳо буда, пешрафти технологиро ба манфиати ҳар шаҳрванди мамлакат фароҳам меоварад. Тарҳи рамз афзалияти асосии пайвастагӣ, рушд ва ҳамгироии технологияҳои пешрафтаро ба тамоми соҳаҳои иқтисод дар саросари мамлакат инъикос менамояд.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ, ки масъули татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ мебошад, ин рамзро ҳамчун нишони ягона ва муттаҳидсозандаи тамоми ташаббусҳо дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) арзёбӣ менамояд.

Вазифаи асосии ин рамз аз баланд бардоштани шинохт ва нуфузи барномаҳо, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои миллӣ дар соҳаи рақамӣ, мусоидат ба ҳамкории мутақобили судманд байни давлат, бахши хусусӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини садоқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории рақамии ҷаҳонӣ иборат мебошад.

Мутахассисони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор аз дастовардҳои рақамӣ саъй менамоянд, ки талошҳои муштаракро дар самти бунёди иқтисоди инноватсионӣ ва донишбунёд тақвият диҳанд.

Рамзи мазкур дар тамоми чорабиниҳо, муошират ва пойгоҳҳои расмӣ, ки ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) вобастагӣ доранд, истифода шуда, симои ягона ва шинохташавандаи ҳадафҳои умумиро таъмин хоҳад кард.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шарикон, навоварон ва шаҳрвандон даъват менамояд, ки ин рамзро дастгирӣ намуда, дар бунёди ояндае саҳм гузоранд, ки дар он технологияҳо ба рушди устувор, таҳкими иқтисод ва беҳтар гардидани сифати зиндагии ҳар шаҳрванд мусоидат намоянд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 19, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос