Ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Шурои қонунгузории Давлати Фаластин густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналадин мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон.
Зимни мулоқот фаъолияти гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Шурои қонунгузории Давлати Фаластин барои ҳамоҳанг намудани робитаҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон хоҳони густариши ҳамкорӣ бо Шурои қонунгузории Давлати Фаластин буда, барои ба роҳ мондани муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ҷаҳду талош хоҳад намуд.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаластин давоми 33 сол, бахусус солҳои охир вусъати тоза ёфта, санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Фаластин баста шуданд, ки метавонанд ба густариши муносибатҳои тиҷоратӣ мусоидат намоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд






