Ба намояндагони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон мукофотҳои давлатӣ тақдим карда шуд

Август 29, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 29.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар ба намояндагони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон барои фаъолияти назаррас ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Мукофотҳоро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тақдим намуд.

Зимни суханронӣ Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад. Ӯ тазаккур дод, ки мардуми кишвар дар давоми 34-соли истиқлолият роҳи пурмашаққатро тай намуда, имрӯз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил шудаанд.

Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки имрӯз мардуми ватандӯсту худшиноси Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат беш аз пеш муттаҳид гардида, барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар идома маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ ба як зумра фаъолони вилоят баргузор шуд.

Дар фарҷом раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз номи фаъолони вилоят ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ миннатдорӣ баён намуд.

Таъкид карда шуд, ки аҳли заҳмати вилояти Хатлон бо руҳияи баланди идона ҷидду ҷаҳд доранд, то бо дастовардҳои арзанда ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатиро истиқбол намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 29, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?