Ба тамоми шуъбаҳои маорифи Тоҷикистон беш аз 9 миллион китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дастрас карда мешавад
ДУШАНБЕ, 24.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2025-2026 барои тамоми шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳия, чоп ва ирсоли 9 миллиону 154 ҳазор китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
То 20 августи соли равон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат 3 миллиону 855 ҳазору 724 китоби дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ дастрас карда шуд. Аз ҷумла, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 43 ҳазору 157 адад, ба вилояти Хатлон 1 миллиону 679 ҳазору 946 адад, ба вилояти Суғд 802 ҳазору 735 адад, ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 918 ҳазору 131 адад ва ба шаҳри Душанбе 395 ҳазору 774 китоби дарсию маводи таълимӣ дастрас гардонида шуд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода 19 августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки бо мақсади бартараф намудани норасоии адабиёти таълимӣ дар асоси эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2025» таҳия карда шуд. Тибқи он нашри 120 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 9 миллиону 154 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат вобаста ба масъалаи китобҳои дарсӣ ва сифати он чунин иброз намуданд: «Сифати таҳсил асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводи таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз ҳам беҳбуди ҷиддӣ мехоҳанд».
Президенти Тоҷикистон зарур шумориданд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Иброз гардид, ки барои инъикоси идеяҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози миллат дар китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва ташаккули зеҳни фаъоли хонандагону донишҷӯён бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, арзиши аслии китоби дарсӣ дар муддати се сол бо роҳи иҷора тибқи тартиби муайянгардида пардохт карда мешавад. Мувофиқи талаботи «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ» ҳангоми гум кардан ё фарсудаи корношоям намудани китоби дарсии хонанда падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда маблағи онро аз рӯйи арзиши умумии китоб пардохт менамоянд.
Ҳамзамон тибқи ин тартиб, ҷонишини директори муассисаи таҳсилоти умумӣ оид ба тарбия ва корҳои беруназсинфӣ сиёсати муассисаро оид ба иҷораи китобҳои дарсӣ, нигаҳдорӣ ва таъмири китобҳои дарсӣ дар байни падару модарон ва хонандагон амалӣ менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бемории санги гурда дар фасли зимистон авҷ мегирад
Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад
Воқеияти Тоҷикистон: меъмории марҳилаи нав ва стратегияи рушди миллӣ
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба афзалият, дастовардҳо ва дурнамои он
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд






