Бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Тоҷикистон ва СММ: ҳамкорӣ барои таҳкими сулҳ, ҳамзистии осоишта ва рушди устувор» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки омодагиҳо ба таҷлили 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид дар саросари дунё ва баргузории ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз 31 август то 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тянҷзин доир мешавад, минбари муҳим дар пасманзари рӯйдодҳои охир дар геополитикаи ҳамгироӣ, ҳамкорӣ, бархӯрд ва низоъҳои байналмилалию минтақавӣ ба шумор мераванд.
Дар марҳилаи омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои аъзо вобаста ба вазъи ноороми байналмилалӣ маҷмуи чорабиниҳо ва тасмимҳои зарурӣ барои тақвияти талошҳо барои таҳкими амният ва робитаҳои неки ҳамсоягӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, такмили механизмҳои амниятӣ, тақвияти пайвастаи тавонмандиҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар муқобили таҳдиду чолишҳои амниятӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти иттилоотӣ пешбинӣ гардидааст. Масалан, чорабиниҳои дорои хусусияти сиёсӣ-идеологӣ вобаста ба таҷлили 80-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Пешбинӣ мешавад, ки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз мавқеи калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъ ва буҳронҳои байналмилалӣ пуштибонӣ хоҳанд кард.
Хайриддин Усмонзода изҳор намуд, ки то имрӯз панҷ ташаббуси ҷаҳонии мамлакати мо дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст. Басе рамзист, ки 22 марти соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии об татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018–2028» оғоз гардида, амалишавии он идома дорад.
«Мо дар рушди ҷомеаи демократӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ба мероси ғании таърихии худ, аз ҷумла саҳми бебаҳои Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир такя мекунем. Маҳз ин санади нодир, ки аввалин маротиба дар таърихи башар принсипҳои озодӣ, баробарӣ ва таҳаммулпазириро эълон намудааст, на танҳо далели тамаддуни қадимии миллати тоҷик, балки сароғози мафҳумҳои муосири ҳуқуқи инсон мебошад»,-гуфт директори марказ.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






