Бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 август дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот иттилоъ доданд.
Зимни ҷаласа сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода иброз намуд, ки «соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими иҷтимоӣ ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати махсус зоҳир менамояд. Маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар мамлакат пайваста рушд менамояд».
Таъкид гардид, ки иди касбии кормандони тиб бо мавлуди алломаи Машриқзамин- Абуалӣ ибни Сино робитаи бевосита дорад. Зеро дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошта, хазинаи тибби халқи тоҷик ба таври ғанию беназир ташаккул ёфтааст.
Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ёдоварӣ аз дастовардҳои соҳа гуфт, ки «дар самти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамасола натиҷаҳои беҳтару бештар ба даст оварда мешаванд. Ин омил ба сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди сабку усулҳои табобат ва ворид намудани таҷҳизоти муосир ба муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон мусоидат менамояд».
Дар ҷаласа як зумра кормандони хадамот барои фаъолияти хуби корӣ бо нишонаи Аълочии тандурустӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






