Барои пешгирии бемориҳои зоонозӣ ҷаласа доир карда шуд

Август 25, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ низоми амнияти мамлакат ба ҳисоб рафта, он тавассути андешидани тадбирҳои дарёфт, табобат, таъйини маҳдудият (дар ҳолати зарурӣ) ва пешгирии бемориҳо, махсусан бемориҳои зоонозӣ амалӣ карда мешавад. Ин матлаб 22 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҷаласаи Шурои Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулодаи зиддиэпидемиявӣ оид ба масъалаи вазъи эпидемиологию эпизоотологӣ ва пешгирии бемории сӯхтанӣ баён гардид.

Бемориҳои зоонозӣ хоси ҳайвонот буда, аз ҷумла ҳангоми тамос бо ҳайвони касал ба инсон низ сироят мекунанд. Ин бемориҳо тавассути микроб, бактерия ва вирусҳо таъсир мерасонанд. Тамоми бемориҳое, ки аз зери назар дур мемонанд ва сари вақт барои пешгирии паҳншавии он тадбирҳои мушаххас андешида намешаванд, ба саломатии одамон хатари ҷиддӣ доранд. Дар баъзе мавридҳо одитарин бемориҳо сабаби марги инсон мегарданд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки тибқи муқаррароти санадҳои танзимкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҳолати бемории сироятии ниҳоят хавфнок ба қайд гирифта мешавад. Ҳамзамон нисбат ба онҳо аз сатҳи муассисаи бақайдгирифта ба сатҳи болоӣ давоми ҳар 24-48 соат хабарномаҳои фаврӣ пешниҳод карда мешаванд.

Дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳар чунин ҳодиса мубодилаи байнисоҳавии маълумот анҷом дода шуда, мақомоти маҳаллии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он огоҳ карда мешавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд