Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид

Август 20, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо донишҷӯёне, ки дар озмуни имтиҳони дохилшавӣ тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ғолиб омадаанд, вохӯрӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд. 

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҳамасола аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони соҳибистеъдод дар муассисаҳои таҳсилоти олии маъруфи кишварҳои хориҷӣ таҳсил намоянд.

Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020 «Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040» ҳангоми интихоби довталабон афзалияти аввалиндараҷа ба ихтисосҳои равияҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, ба монанди ихтисосҳои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ, эконометрика ва муҳандисони самтҳои гуногун дода мешавад.

Таъкид гардид, ки тибқи роҳнамоиҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат ҳар донишҷӯи таҳсилкунандаи кишвари хориҷӣ бояд дар баробари таҳсили аъло ва интизоми намунавӣ инчунин муаррифи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аз ин рӯ аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, баъди баргаштан ба Ватан дар рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳм гузоранд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад