Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар шаҳри Исфара қариб 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуда, ба партовгоҳи шаҳрӣ зиёда аз 18 метри мукааб партовҳо бароварда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Иқдоми «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар шаҳри Исфара бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр бо мақсади вусъати корҳои созандагию ободкорӣ, сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, безараргардонии кӯчаву маҳаллаҳо ва деҳаю ҷамоати шаҳраку деҳот гузаронида шуд.
Дар ҳашарҳо, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти ҳифзи муҳити зист доир шуданд, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, кормандони мақомоти маҳаллӣ ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аз ҷумла зиёда аз 260 нафар шаҳрвандон ва ризокорони бахши ҷавонони шаҳри Исфара фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар доираи гузаронидани ҳашарҳои экологии «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар ҳудуди шаҳри Исфара 2 партовгоҳи ғайриқонунӣ муайян ва бартараф карда шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






