Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид

Август 27, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Навсозии Чин» конференсия баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Таъкид гардид, ки лоиҳаҳои дуҷониба, ки ба навсозии ҳарду мамлакат мусоидат менамоянд, боз ҳам фаъолтар рушд намуда, дар доираи ҳамкории муштарак оид ба сохтмони «Камарбанд ва роҳ» миқёси ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Чин пайваста афзоиш меёбад. Ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаҳои манбаъҳои нави энергия, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва тиҷорати электронӣ афзал шуморида, барои пешбурди чунин самтҳо изҳори назар намуданд.

Дар ҳамоиш байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсинхай ва Донишгоҳи касбӣ-техникии Тсинхай Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Он самтҳои муҳими ҳамкориро байни ин муассисаҳои таълимӣ густариш медиҳад.

Меҳмонон инчунин бо Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан, ки соли 2022 дар доираи амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, шинос шуданд. Меҳмонон  ба натиҷаи фаъолияти ин коргоҳ баҳои баланд доданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Август 27, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст