Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 август дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, коршиносони байналмилалӣ аз Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ташкилоти маъюбон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар доданд.
Дар форум Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки «шахсони маъюб дар меҳвари сиёсати иҷтимоии мамлакат қарор доранд ва мо тамоми иқтидорро ба фароҳам овардани муҳити дастрас, имконияти баробар ва зиндагии арзанда барои онҳо равона менамоем».
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2025 дар ҷумҳурӣ 170 669 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 35 229 нафар кӯдакон мебошанд. Ҳиссаи маъюбон дар мамлакат 1,6% аҳолиро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондодҳои пасттарин дар минтақа аст. Ҳамасола беш аз 12 ҳазор нафар маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин гардида, ҳазорҳо нафар аз имтиёзҳои табобатӣ ва истироҳатӣ истифода мебаранд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан маъюбон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин қишри ҷомеа таҳти ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Форум идомаи мантиқии чорабинии соли 2019 буда, ҳадафи он тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, баррасии таҷрибаи татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқи маъюбон», муайян намудани мушкилоти мавҷуда ва таҳияи тавсияҳо барои ҳалли онҳо мебошад.
Дар Тоҷикистон Махзани ягонаи иттилоотӣ оид ба маъюбон фаъол аст, ки барои банақшагирии сиёсати давлатӣ маълумоти муфассал фароҳам меорад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






