Дар Душанбе оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир гардид

Август 25, 2025 10:14

ДУШАНБЕ, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки рақамикунонии соҳа талаби замон буда, дар баробари осон кардани кори мутахассисони соҳа ҳамзамон барои сари вақт ба ташхису муоина ва табобат фаро гирифтани беморон мусоидат менамояд. Он барои таҳия ва пешниҳоди омори дурусту дақиқ зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш оид ба нақшаи зеҳни сунъӣ ва рушди платформаи tandurusti.tj ва тарзи  ворид шудан ба система, пур кардани маълумоти зарурии шаҳрвандон ва дар умум доир ба афзалияти муҳими системаи ягонаи рақамии давлатӣ (tandurusti.tj) маълумот пешниҳод гардид.

Рақамисозии маълумот имкон медиҳад, ки раванди кор бо натиҷаҳои ташхис содатар ва камхарҷтар карда шавад. Системаи мазкур қадами муҳим дар самти рақамисозии бахши тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мебошад. Он барои муассисаҳои тандурустӣ ва масъулони соҳа платформаи боэътимоди иттилоотӣ фароҳам оварда, ба рушди солимии аҳолӣ мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2025 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд