Дар Душанбе оид ба татбиқи иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам машварати омӯзишӣ оғоз шуд

Август 28, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 28.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27   август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма таҳти унвони «Самти мундариҷаи маводи иттилоотӣ/паёмҳои воситаҳои ахбори омма доир ба иттилоот дар бораи хатарҳо ва ҷалби ҷомеа ба раванди татбиқи иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам» машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид, ки то 29 август идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, машғулияти омӯзишӣ дар доираи омодагӣ ба вориднамоии иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам, ки чораи муҳим дар самти пешгирии саратони гарданаки бачадон маҳсуб мешавад, гузаронида мешавад.

Давраи омӯзишӣ бо мақсади амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 24 июли соли 2025 тасдиқ карда шудааст, ба хотири баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии намояндагони воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода иброз намуд, ки иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам воситаи асосии пешгирии бемориҳои пешазсаратонӣ мебошад. Зеро саратони гарданаки бачадон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бемориҳои асосии саратонӣ дар байни занон мебошад. Ин беморӣ на танҳо барои ҳаёти занон хатарнок аст, балки дар бисёр ҳолатҳо сабаби вайроншавии солимии репродуктивӣ мегардад.

Иммунизатсия бо истифода аз ваксинаи Гардасил, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истеҳсол мегардад, гузаронида мешавад. Ваксина тақрибан 20 сол мешавад, ки дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон истифода мешавад. Он дар ин муддат самарабахшии худро дар самти пешгирии навъҳои саратоновари вируси папилломаи инсон исбот намуд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин вирус омили асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон аст. Ин бемории саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни бемориҳои саратонии занон дар ҷои дуюм меистад.

Ин ваксина дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ ба духтарони 10-сола ва дар соли аввали вориднамоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ ба духтарони 11-14-сола тавсия дода мешавад. Сабаби фарогирии ин синн он аст, ки дар ин давра иммунизатсия хеле самарабахш буда, иммунитетро қавӣ мегардонад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд