Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ-маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид. Он бо мақсади тарғиби арзишҳои оиладорӣ ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеа гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хоруғ хабар доданд.
Иброз гардид, ки ҳадафи баргузории озмун баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ мебошад.
Дар ҷамъбасти озмун Абдулло Амонуллоев ва Ситора Абдолова ғолиб муайян шуда, ба онҳо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Дар озмун муовини Раиси шаҳри Хоруғ Парӣ Ғуломҳайдарзода ва намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оила иштирок намуда, аҳамияти чунин озмунҳоро дар ташаккули ҷомеаи солим ва устувории оилаҳо таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» дар мамлакат дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» гузаронида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






