Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 август дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия –кафили рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» конфронси илмӣ–амалӣ баргузор гардид. Конфронс бо ибтикори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав доир гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи конфронс аз пешгирии амалҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии онҳо иборат буд.
Дар конфронс сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор аз якчанд ҳолати коррупсионии рухдода дар соҳаи тандурустии ин шаҳру ноҳияҳо ёд оварда, омилҳои дар ин самт ба қонуншиканиҳо мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсиониро бо мисолҳои мушаххас шарҳу эзоҳ дод.
Дар конфронс масъулини соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав дар мавзуъҳои «Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ-омили рушди соҳа дар муассисаҳои тандурустӣ», «Муқовимат ба коррупсия-амали дастҷамъона», «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ-асоси солимии ҷомеа» ва «Коррупсия- зуҳуроти номатлуби ҷомеа» маъруза намуданд.
Дар қисми амалии конфронс наворҳои таблиғотии пешгирикунанда вобаста ба порадиҳию порагирӣ ва дигар кирдорҳои коррупсионӣ, нақши аҳли ҷомеа, хосса кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин раванд тавассути монитор намоиш дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






