Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид

Август 14, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 август дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия –кафили рушди  соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» конфронси илмӣ–амалӣ баргузор  гардид. Конфронс бо  ибтикори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав доир гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи конфронс аз пешгирии амалҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии онҳо иборат буд.

Дар конфронс сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор аз якчанд ҳолати коррупсионии рухдода дар соҳаи тандурустии ин шаҳру ноҳияҳо ёд оварда, омилҳои дар ин самт ба қонуншиканиҳо мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсиониро бо мисолҳои мушаххас шарҳу эзоҳ дод.

Дар конфронс масъулини соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав  дар мавзуъҳои «Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ-омили рушди соҳа  дар муассисаҳои тандурустӣ», «Муқовимат ба коррупсия-амали дастҷамъона»,  «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ-асоси солимии ҷомеа» ва «Коррупсия- зуҳуроти номатлуби ҷомеа» маъруза намуданд.

Дар қисми амалии конфронс наворҳои таблиғотии пешгирикунанда вобаста ба порадиҳию порагирӣ ва дигар кирдорҳои коррупсионӣ, нақши аҳли ҷомеа, хосса кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин раванд тавассути монитор намоиш дода шуданд.

     АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 14, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст